То субҳи имрӯз роҳи мошингарди Исфара – Ворух баста боқӣ монд.
Муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон дар минтақаи бетарафи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, дар мавзеи Оқсойи вилояти Ботканд оид ба боз кардани роҳи мошингард гуфтушунид ҷараён дорад.
Муовини аввали раиси вилоят таъкид дошт, ки чанде қабл бо раҳбарияти вилояти Ботканди кишвари ҳамсоя муноқишаи ахири рӯзи 18-уми декабр рухдода миёни сокинони ҳарду ҷониби марзро баррасӣ карда, нимаи рӯз вазъ каме ором ва аксари мардуми гирдомада ба хонаҳояшон пароканда шудаанд ва ҷонибҳо ба хулоса расидаанд, ки ин далелҳо бояд аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтиш карда шаванд.
«Ҷинояткорони дар ин ноооромӣ дастдошта бояд мавриди муҷозот қарор гиранд. Ҷинояткор на миллат дораду на мазҳаб. Мо комиссияи дуҷониба таъсис додем, ки ба ҳайати он намояндагони ҳарду тараф шомил гардиданд. Комиссия ба кор оғоз намуда, аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш ҳисобот медиҳад. Ба андешаи мо, чунин ҳодисаҳо махсус бо мақсади бастани роҳҳо ва дар ин замина оғоз шудани низоъҳои нав роҳандозӣ мешаванд. Мо ин рӯйдодҳоро ҳамчун иғовагарӣ арзёбӣ менамоем», - изҳор дошт Сангинов.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17-уми декабр дар мавзеи Оқ-Сойи ноҳияи Ботканд, наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар як сохтмони бинои бӯстонсарои мутааллиқ ба шаҳрванди Қирғизистон сӯхтор ба амал омад.
Сокинони мавзеъ шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сар задани ин сӯхтор гумонбар дониста, дар ин робита шаҳрвандони ҳарду кишвар роҳи мошингарди Исфара-Ворухро бастанд ва аз ҳарду ҷониб издиҳоми иборат аз ҳудуди 200 нафар ба мушоҳида мерасид.




“Хокаи ангишт ба ҷойи ангишт”. Шикояти сокинони Суғд аз гароншавии нархи ангишт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2025
Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард
Эмомалӣ Раҳмон қонуни мақоми омӯзгорро имзо кард. Акнун шаъну шарафи омӯзгор ҳифз мешавад?
Зиёратгаҳи риндони ҷаҳон. Чашмандоз ба рӯзгору осори дилангези Ҳофизи Шерозӣ ва оромгоҳаш дар Эрон
Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷопон. Имзои қариб 20 санади нав ва даъват аз ширкатҳои ҷопонӣ барои азхудкунии конҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак
Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, гардиши молу маҳсулотро то ба $2 млрд расонанд
Ҳушдори ҳавошиносон: Се рӯзи оянда дар кишвар борону барфи пуршиддат меборад
Аввалин тоҷики фотеҳи қуллаи “Исмоили Сомонӣ”. Маҳмурод Ашӯров чаро Назирбибиро меҷӯяд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста