Тоҷикистон аз рӯйхати «кишварҳои хатарнок» хориҷ шуд – акнун низомиёни амрикоие, ки дар Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, барои хизмат дар «дар макони хатарнок» дар ҳаҷми 7,5 $ дар як шабонарӯз ё худ 225 $ дар як моҳ пардохтпулии иловагии таъиншударо намегиранд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттахидаи Амрико, санаи 3-юми январи соли равон вазорат дар бораи муайян кардани дараҷаи хатарнокии баъзе макони ҷаҳон санҷиш (сертификатсия)-и такрорӣ эълон намудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз 1-уми июни соли равон 9 қаламрав ба сафи макони амн шомил мегарданд, ки миёни онҳо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин давлатҳои Тимори Шарқӣ, Гаити, Либерия, Уммон, Руанда ва Аморати Муттаҳидаи Араб низ дарҷ ёфтаанд.
Гуфта мешавад, сабаби аслии бозбинии рӯйхати «кишварҳои хатарнок» ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани ИМА аст. Дар рӯйхати «кишварҳои хатарнок» танҳо давлатҳои Ироқ, Афғонистон, Лубнон, Урдун, Покистон, Сурия, Яман ва Миср боқӣ мемонанд.
Муҳим дониш не, зоҳир аст? Чӣ гуна ҳуқуқи хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон поймол мешавад?
“Дар Русия бо муҳоҷирон тоҷик муносибати дағал мекунанд”. Номаи эътирози Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш
Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон марказҳои захираи бор сохта шавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Кайфари паймоншиканӣ”
Азобу машаққати пахтакорӣ. Деҳқонон умеде надоранд, ки фоидаи зиёд мегиранд
Кадом дастаҳо ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон баромаданд?
Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко дар чӣ бора суҳбат карданд?
“Аз номам сӯиистифода мекунанд”. Саидмурод Давлатов дар бораи қаллобон ва дуруст сарватманд шудан суҳбат кард
“Дар гулӯяш теғ гузошта, пул гирифт”. ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат мекардаанд
Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста