Дар мулоқоти ҳайатҳои роҳбарони комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикисону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ таҳти роҳбарии муовинони нахутсвзаирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов, ки рӯзи 7-уми январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, масоили танзими вазъ ва ҳамкориҳои судманд дар марзи давлатӣ баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот ҳамчунин масоили аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ низ баррасӣ шуда, нақшаи вохӯриҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба ин масъала дар соли 2014 муайян карда шуданд.
«Муовинони нахуствазирони кишварҳо ба хадамоти марзбонӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳукуматҳои вилоятҳои Суғду Ботканд супориш доданд, ки ҷиҳати ташкили посбонии муштараки марз бо мақсади таъмини амнияти ҷомеа, равуои озодонаи шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт дар манотиқи наздимарзӣ рӯзи 9-уми январ дар шаҳри Исфара вохӯрии корӣ баргузор намоянд», - зикр мегардад дар итттилои ВКХ.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо оид ба мунтазам баргузор намудани чунин вохӯриҳо тавофуқ ҳосил намуда, қотеъона изҳори итминон карданд, ки минбаъд баҳри рушд ва таҳкими ҳамкориҳо дар манотиқи наздимарзӣ дар рӯҳияи анъанавии ҳамҷавориву дӯстӣ миёни кишварҳо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.




Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард
Эмомалӣ Раҳмон қонуни мақоми омӯзгорро имзо кард. Акнун шаъну шарафи омӯзгор ҳифз мешавад?
Зиёратгаҳи риндони ҷаҳон. Чашмандоз ба рӯзгору осори дилангези Ҳофизи Шерозӣ ва оромгоҳаш дар Эрон
Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷопон. Имзои қариб 20 санади нав ва даъват аз ширкатҳои ҷопонӣ барои азхудкунии конҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак
Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, гардиши молу маҳсулотро то ба $2 млрд расонанд
Ҳушдори ҳавошиносон: Се рӯзи оянда дар кишвар борону барфи пуршиддат меборад
Аввалин тоҷики фотеҳи қуллаи “Исмоили Сомонӣ”. Маҳмурод Ашӯров чаро Назирбибиро меҷӯяд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 декабри соли 2025
Ҳамдардии сокинони Остонаву Бишкек дар робита ба куштори Қобилҷон Алиев
Амрико барномаи “Green Card”-ро муваққатан боздошт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста