Сардори ситоди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Шараф Файзуллоев аз шарҳи вазъ атрофи муноқиша дар  марз бо Қирғизистон, ки нимаи рӯзи 11-уми январ миёни марзбонони ҳарду кишвар рух дод, худдорӣ варзид. Бар асари тирпарронии рухдода миёни марзбонон 5 нафар хизматчии ҳарбии қирғиз ва 2 нафар хизматчии низомии тоҷик осеб дида, миёни аҳолии осоишта осебдидагон ҳузур надоранд.

ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш ба харҷ дод, ки дар бораи тирпарронӣ дар марз аз раҳбарияти нерӯҳои марзбонӣ шарҳ дастрас намояд. «Бубахшед, феълан ман машғули корам. Тамоми маълумотро дар вақти зарурӣ мо баъдтар пешниҳод мекунем. Айни замон ман дигар чизе гуфта наметавонам», - посух дод ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефон Ш.Файзуллоев.

Сарфи назар аз сипарӣ шудани ду рӯз аз қазияи мазкур, то ҳанӯз аз ҷониби Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ ҳеҷ изҳороти расмие пахш нагардида, дар худи Раёсат бошад, аз шарҳи ин масъала худдорӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар иттилоияи навбатии худ Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ки феълан вазъ дар марзи давлатии кишварҳо нисбатан орому амн буда, дар робита ба ин қазия Хадамоти мазкур барои журналистон нишасти хабарӣ доир хоҳад кард.

«Миёни ҷонибҳо раванди гуфтушунид идома дошта, имрӯз, 13-уми январ баргузор намудани вохӯрии раҳбарияти нерӯҳои марзбонии  ҳарду ҷониб бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии кишварҳо дар назар аст», - зикр мегардад дар хабар.

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар робита ба ҳодисаи тирпарронӣ миёни марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳороти расмӣ интишор намуд.

Дар ҳамин ҳол, дар изҳороти пахшнамудаи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон зикр мегардад, ки муноқиша дар марз бо иғвои ҷониби Тоҷикистон рух дода, дар ҷараёни он марзбонони тоҷик нахуст оташ кушодаанд ва оташкушоӣ аз ҷониби сардори ситоди воҳиди таъиноти махсуси нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон сурат гирифта, дар ҷарёани тирпарронӣ марзбонони тоҷик ба ҷуз силоҳи оташфишон, аз миномёт низ истифода бурдаанд.

«Зимни мулоқоти сардорони Раёсатиҳои минтақавии марзбони Вилояти Ботканд ва вилояти Суғд ба намояндагони Тоҷикистон тири натаркидаи миномёт нишон дода шуд», - баён мегардад дар изҳорот.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки сабаб ва далелҳои истифодаи аслиҳа нисбати хизматчиёни ҳарбии қирғиз ва нақзи дағалонаи рафтори марзбонон дар сарҳади давлатиро шарҳ бидиҳад.

Дар ин соат Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ то ҳанӯз ба масъалаи истифода шудани миномёт ба ҷуз аслиҳаи оташфишон аз ҷониби марзбонони тоҷик рӯшанӣ наандохтааст.