Зимни нишасти хабарии рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта прокурори вилояти Суғд, генерал-майори адлия Шариф Қурбонов изҳор намуд, ки аз рӯи далели муноқишаи чанде қабли мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба гуфтаи прокурор, парванда аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 335 (Убури ғайриқонунии марзи давлатӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ оғоз гардидааст.

«Ман худам шахсан аз макони ҳодиса боздид намуда, бо итминон гуфта метавонам, ки ба дар қаламрави кишвари мо рух додани ҳодиса ҳеҷ ҷойи шакку шубҳае нест. Марзбонони мусаллаҳи кигвари ҳамсоя бидуни иҷозат пулро убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон, ҷамоати Ҳоҷи Аъло ворид шудаанд. Марзбонони мо аз онҳо дархост намудаанд, ки қаламрави ҷумҳуриро тарк намуда, дигар бо силоҳ ба қаламрави мо ворид нашаванд. Дар посух марзбонони қирғиз ба дашному ҳақорат пардохта, нахуст ба тирпарронӣ оғоз кардаанд. Дар ҳоле ки далели убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва истифодаи силоҳи оташфишон ба қайд гирифта шудаву он ба ҳаёти онҳо хатари ҷиддӣ дошт, чӣ магар марзбонони мо мебоист хомӯшӣ ихтиёр мекарданд?», - мегӯяд прокурор.

Ба қавли ӯ, бар асари муқовимати мусаллаҳона 2 нафар марзбони тоҷик ва 5 нафар марзбони кишвари ҳамсоя захмӣ шуданд.

Ш.Қурбонов зикр кард, ки тайи ду соли ахир аз замони оғози фаъолияти ӯ ба ҳайси прокурори вилоят, аз ҷониби шаҳрвандони тоҷик ягон ҳодисаи сабти ғайриқонунии марзи давлатӣ ба мушоҳида нарасидааст, аммо далелҳои аз ҷониби қирғизҳо ғайриқонунӣ гузаштани марз, сохтмони ғайриқонунӣ дар минтақаҳои баҳсӣ, ҳодисаҳои ғорат ва лату кӯби шаҳрвандони мо ҷой доштанд.

«Аз рӯи ин далелҳо мо парвандаҳои ҷиноӣ боз намуда, тавассути Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ қисмате аз онҳоро ҷиҳати баррасӣ ба Прокуратураи генералии Қирғизистон ирсол намудем», - таъкид дошт прокурор.  

«Мо аз сокинони Исфара ҳамеша даъват мекунем, ки дурандешу ботамкин бошанд ва онҳо суханони моро маъқул шуморида, ба муноқиша намепардозанд, вале дар бораи ҳамсояҳои мо, ки на ҳамеша ба ин гуна маслиҳатҳо эътибор медиҳанд, чунин наметавон гуфт», - иброз дошт Шариф Қурбонов.

Ёдрас мекунем, ки санаи 11-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни марзбонони ҳарду кишвар муноқиша ба вуқуъ пайваст, ки ба муқовимати мусаллаҳона анҷом пазируфт.

Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Исфара вохӯрии навбатии роҳбарони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар назар буда, ҷонибҳо бори дигар ба дарёфти роҳҳои ба эътидол овардани вазъ дар марз кӯшиш ба харҷ медиҳанд.