Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов имрӯз дар суҳбати телефонӣ ба хабарнгори ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ намуд, ки сафоратхона дар Бишкек бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, дар назди бинои сафоратхона ягон ҳодиса ё гирдиҳамоие ба вуқӯъ напайвастааст.
Дар робита ба вазъи кунунӣ дар марзи давоатии Тоҷикистону Қирғизистон сафир хотиррасон намуд, ки ҳанӯз соли 2008 сарони ҳарду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Қурмонбек Боқиев дар бораи манъи роҳандозии фаъолияти хоҷагидорӣ дар минтақаҳои баҳсии марз то ба итмом расидани аломатгузорӣ дар он ба мувофиқа расида буданд.
Раҳимов мегӯяд, сарфи назар аз ин мувофиқа, дар сурати зарурат Тоҷикистон нисбати қирғизҳо ба гузаштҳо розӣ мешуд. «Дар сурати зарурат агар онҳо дар марз корҳои сохтмонӣ анҷом доданӣ мешуданд, мо муқобил набудем, вале қаблан ин масъаларо сари мизи гуфтушунид мувофиқа мекарданд, зеро чунин масъалаҳо набояд якҷониба, балки дар гуфтушунидҳои дуҷониба баррасӣ шаванд», - изҳор кард дипломати тоҷик.
Сафир мутмаин аст, ки то комилан ҳал нашудани масъалаи аломатгузорӣ дар марз, чунин муноқишаҳо дар манотиқи наздимарзӣ идома хоҳанд ёфт. «Мушкилоти аломатгузорӣ барои он ҳаллу фасл намешавад, ки дар ин масъала кишварҳо ба ду харитаи гуногун такя мекунанд», - афзуд О.Раҳимов.
Дипломати тоҷик аз шарҳи масъалаи ба Бишкек даъват шудани ҳамтои қирғизи худ худдорӣ варзид.
Рӯзи 14-уми январ дар хабари интишоршуда дар сомонаи намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бишкек сафоратхона мавқеи худ нисбати ин қазияро изҳор намуд.
Дар ҳамин ҳол, нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Исфара вохӯрии навбатии роҳбарони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар назар буда, ҷонибҳо бори дигар ба дарёфти роҳҳои ба эътидол овардани вазъ дар марз кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Бино ба маълумоти хабаргузории КирТаг, имрӯз дар ҷаласаи пӯшидаи Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) вазъи мавҷуда дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ мешавад.
Вакили парлумони Қирғизистон Турсунбой Бакир углу дар ин робита зикр кардааст, ки «агар баррасии масъаларо ба дарозо кашем, заминҳои худро метавонем аз даст диҳем, зеро сокинони маҳаллии аз низоъҳо хасташуда аллакай манзилҳои худро тарк мекунанд».
Чӣ тавр дар Тоҷикистон банан, папайя ва ананас парвариш мекунанд?
Далер Назаров ва асарҳои офаридаи ӯ дар синамо
Чӣ тавр Telegram-каналҳои русгаро барои хатарнок нишон додани муҳоҷирон маълумотро таҳриф мекунанд
Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб гардиданд?
Ярмаркаи фурӯши ангишт дар Суғд. Он чанд рӯз идома мекунад ва нархи ангишт чанд аст?
Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунанд ва чӣ тавр осон метавон пардохт кард?
“Гавҳари ашк”-и Озарахш ва “Сетор”-и Фарзона чоп шуд
Дар Душанбе се нафар худро устои таъмири хона муаррифӣ намуда, ба ғоратгарӣ даст заданд
Омӯзиши забони кореягӣ ва касб барои кор дар Корея. Ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Президенти пешини Русия гуфт, қабули кӯдакони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, ба мактаб қатъ карда шавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста