Дар рӯзҳои аввали соли 2014 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор амалиётҳои бобарор гузарониданд, ки дар натиҷа аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 12 кг маводи нашъаовар мусодира гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони шӯъбаи дар ноҳияи Ишкошим будаи Раёсати Агентӣ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо коркунони Шӯъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар ВМКБ-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни деҳаҳои Сумчин ва Яхшиволи ноҳияи Ишкошим амалиёти муштарак гузарониданд, ки дар натиҷаи он сокини 20-солаи шаҳраки Борак, улусволии Ишкошими Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шафӣ валади Хайрмаҳмад боздошт карда шуд.

Дар рафти боздошт ҳаммаслакони ӯ аз қаламрави давлати ҳамсоя аз силоҳи оташфишон тир кушоданд. Дар натиҷа Шафӣ валади Хайрмаҳмад аз пояш захмӣ гардид.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як халтаи синтетикӣ дарёфт гардид, ки дар дохили он бастаҳои селлофании скотчпечшуда мавҷуд буд. Ташхис нишон дод, ки он маводи нашъаовари ҳашиш буда, вазни умумиаш 8 килограммро ташкил менамояд.

Кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Хуҷанд ду нафар сокинони вилоятро бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо маводи қаҳваранг бо бӯи махсус мусодира карда шуд.

Чуноне, ки ташхис нишон дод, маводи мусодира шуда 2 кг 930 гр героин ва 1 кг 03 гр ҳашишро ташкил менамояд.

Кормандони оперативии Агентӣ дар вилояти Хатлон иттилоот гирифтанд, ки сокини ноҳияи Ҷ. Румӣ дар хонаи худ маводи нашъаоварро пинҳон намудааст. Дар хонаи ӯ кофтуков бо истифодаи саги хизматӣ ташкил карда шуд.

Ҳангоми кофтуков дар назди мурғхона дар зери оҳанпора пинҳонгоҳ ошкор карда шуд, ки дар он 8 бастаи қоғазпеч бо ҳашиш маҳфуз дошта мешуд.

Кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб сокини маҳаллиро бевосита ҳангоми истеъмоли маводи нашъаовар боздошт намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ дар дохили се қуттии гӯгирд маводи нашъоварро дарёфт карда шуд.

Дар хонаи ӯ бо саги хизматӣ кофтуков ташкил намуданд ва дар дохили чойник, дари даромадгоҳ якчанд бандчаи селлофанӣ ошкор намуданд. Маълум гардид, ки маводи нашъаовар ба сокини дигари шаҳри Кӯлоб тааллуқ дорад.

Дар хонаи он шаҳрванд низ кофтуков ташкил карда шуд, ки аз дохили ҷевон халтаи селлофанӣ бо маводи ба ин шабеҳ дарёфт карда шуд. Ташхиси кимиёвӣ муайян намуд, ки ҳамаи маводи мусодира шуда бангдона буда, вазни умумиаш 700 граммро ташкил менамояд.

Аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои номбурда парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, амалҳои тафтишотӣ бурда шуда истодаанд.