Баъди чанд рӯз, 1-уми апрел маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз мегардад. Бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли равон ба «облава»-ҳо, яъне маҷбуран аз кӯча ба комисариатҳои ҳарбӣ бурдани ҷавонон хотима дода мешавад.
Муовини раиси комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкили даъват ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, сардори Раёсати тадорукотӣ-сафарбаркунии Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ генерал-майор Хушвахт Мироваров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин маъракаи даъват вазорату идораҳои дахлдор бештар ба корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ миёни даъватшавандагон ва волидайни онҳо таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард. «Мо ният дорем, ки муносибати манфӣ ба хизмат дар сафи Артиши миллиро тағийр диҳем, то ки мардум дар бораи артишу хизмати ҳарбӣ танҳо андешаи мусбат дошта бошанд», - ибрз дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, комиссияҳои даъват ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар маҳалҳоро акнун на комиссарони ҳарбӣ чун пештара, балки муовинони раисони ноҳия,шаҳр ва вилоят роҳбарӣ мекунанд.
«Мутобиқи қонун пас аз гирифтани даъватнома даъватшаванда дар муҳлати зикршуда бояд ба комиссариати ҳарбии макони зисташ ҳозир шавад. Дар сурати ҳозир нашудан, роҳбарони комиссияҳои даъват ӯҳдадоранд, ки тавассути мақомоти ҳимфзи ҳуқуқ сабаби онро муайян кунанд», - таъкид дошт Мироваров.
Генерал эътироф кард, ки солҳои пешин барои иҷро кардани нақшаи даъват комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҷуз маҷбуран аз кӯча ба хизмат даъват кардани ҷавонон, дигар илоҷе надоштанд.
Соли равон Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ташкили даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро муовини нахуствазир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Марҳабо Ҷабборӣ роҳбарӣ мекунад.
Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми апрел оғоз ёфта, то 31-уми май идома меёбад. Тибқи қонун, ба хизмат шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – нерӯҳои низомии зудамал, хушкигард, дифоъи зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои низомии ҳавоӣ иборат аст.




Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста