Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (INL) ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи нақлиётро бо лабораторияи сайёру таҷҳизоти криминалистӣ ҳадя намуд. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин иқдом иқтидори лабораторияи криминалистиро ҷиҳати коркард ва таҳлили далелҳои шайъӣ дар ҷои содиршавии ҷиноят баҳри фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон баланд хоҳад бардошт.

Гуфта мешавад, ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро идома дода, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти ҳамаи шаҳрвандони он ҳамкорӣ хоҳад кард. 

Қобили зикр аст, ки аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.