Беш аз 250 нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати иштирок дар тамринҳои низомии муштараки зиддитеррористии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2014» озими Чин шуданд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати низомии Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои низомии нерӯҳои ҳарбиву ҳавоии Вазорати мудофиаи Чин аз Душанбе ба ин кишвар фиристода шуда, ҳайатро дар тамринҳо муовини аввали сардори Ситоди кулли Қуваҳои Мусаллаҳи кишвар генерал-майор Тоҳир Хайруллоев раҳбарӣ мекунад ва ба ҳайати Тоҷикистон гурӯҳи вокуниши фаврӣ ва таъиноти маъсуси Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ шомил мебошанд.

Ба гуфтаи сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, тамринҳои низомӣ дар машқгоҳи «Чжужихэ» дар ноҳияи мухтори Муғулистони Дохилии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи тамрини «Рисолати сулҳовар» баргузории озмун миёни оркестрҳои нафасии Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Чин ба нақша гирифта шудааст, ки дар он 50 нафар намояндагони оркести нафасии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.