Нимаи ҳафтаи равон дар ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Саймӯъмин Ятимов ва роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Абдуфаттоҳи Ғоиб як иншооти сарҳадӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, сохтмони ин дидбонгоҳи сарҳадӣ соли гузашта оғоз гардид ва он аз ҳисоби маблағҳои сарфакардашудаи Агентии мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллион сомонӣ сохта шуд.

Корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДДМ «Сохтмон» - и ноҳияи Мастчоҳ анҷом дода шудааст. Дидбонгоҳи сарҳадӣ аз 28 номгӯи иншоот, аз ҷумла хобгоҳ барои сарбозон, хонаи афсарон, майдончаи варзишӣ, ошхона барои афсарону сарбозон, мошинсарой, аспхона, хонаи аёдати падару модарон, ҳаммом ва ғайра иборат мебошад.

Барои фаъолияти минбаъдаи дидбонгоҳи сарҳадӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ муҳайё карда шудааст.