Шоми рӯзи 25-уми август дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд муноқишаи навбатии мусаллахона рух дода, панҷ тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз тири силоҳи оташфишон захмӣ шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, муноқиша дар мавзеи Хоҷа Боқирғон, ки ҷониби Қирғизистон баҳри азсаргирии сохтмони пул аз болои рӯди ҳамноми ин мавзеъ талош варзидааст, ба вуқӯъ пайвастааст, лекин шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш кардаанд, ки ба оғози дубораи сохтмонни пул монеъ шаванд.
«Дар натиҷаи тирандозӣ аз ҷониби марзбонони қирғиз панҷ нафар сокинони деҳаи Қалъача захмӣ шуда, марзбонони тоҷики ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда аз силоҳи оташфишон истифода накардаанд», - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, субҳи имрӯз вазъ дар ҷойи ҳодиса таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад. «Шаҳрвандони тоҷики захмишуда дар бемористон бистарӣ шуданд», - афзуд сарчашмаи хабар.
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
“Озодӣ“, “1 май”... то “Дӯстӣ”. Майдони асосии Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Фейк | Маводи мухаддир бо номи “клубничный квик” дар мактабҳо
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Пурсиши ориф аз кашиш”
Содироти мева аз Тоҷикистон афзуда, лекин фурӯши сабзавот ба хориҷа 2 баробар кам шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 феврали соли 2025
Нигоҳдории кадом чорво дар пойтахт манъ аст ва барои нақзи он чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста