Рӯзҳои 10-11 ноябри соли 2014 года дар шаҳри Душанбе семинар дар мавзӯи “Муайян намудани натиҷаҳои стратегӣ барои омода намудани Барномаи нави СММ дар Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалим Маҳмудзода иштирок ва баромад намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар суханронии худ Ҳ.Маҳмудзода қайд намуданд: «…дар моҳи октябри соли 1999 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Лоиҳаи AD/TAJ/99/D65 «Ташаккули институтсионӣ, коркарди стратегия ва такмил додани чораҳо оид ба назорати маводи нашъаовар ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон», ки он бомуваффақиятона ба анҷом расонида шуд. Ба шарофати расонидани ёрии амалӣ дар доираи лоиҳаи мазкур имрӯз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз мақомоти босалоҳият ва самараноки ҳифзи ҳуқуқи мамлакат табдил ёфтааст, ки дар арсаи байналмилалӣ пурра эътироф шудааст».
Ба Намояндагии СММ дар Тоҷикистон дар таҳияи Барномаи нав оид ба масъалаи расонидани кӯмак дар амалисозии минбаъдаи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» пешниҳод карда шуд.
Дар семинар қайд гашт, ки дар доираи коркарди барномаи нав, ки дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор гузаронида шудаанд, аллакай давраҳои муҳими омодасозиро ба охир расониданд. Инчунин, аз натиҷаи семинарии дурӯза нуқтаҳои муҳими фаъолияти дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ муайян гашт.
Дар кори семинар ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев, мувоини вазири рушди иқтисодиёт ва савдои ҶТ Умед Давлатзода, инчунин намояндаҳои дигари СММ ва ВАО иштирок намуданд.
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 7
То ки ҳама фурсат ёбанд. Муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд
Як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе қатъ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 апрели соли 2025
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста