Дар доираи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» аз 24-уми октябри соли равон аз 5 муасисаи ислоҳии вилояти Суғд 726 нафар озод шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» сарёвари прокурори вилоят Ортиқбой Мирзоев хабар дод, аз муассисаи ислоҳии низомаш шадид 64 нафар маҳкумшудагон, аз муассисаи ислоҳии реҷаи пурзӯр 42 нафар, аз муассисаи ислоҳии сукунат 483 нафар, аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд 46 нафар ва аз муассисаи ислоҳии шаҳри Истаравшан 91 нафар озод карда шудаанд.
Аз шумори умумии аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда 710 нафар сокинони вилояти Суғд, 6 нафар сокини вилояти Хатлон, ду нафар аз ВМКБ, се нафар аз шаҳри Душанбе, як нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ ва чор нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, тавре хабар дода будем, як нафари афвшуда аллакай даст ба ҷиноят зад. Аввали ҳафтаи равон сокини 31-солаи ҷамоати Дар-Дари ноҳияи Айнӣ Табур Ғафуров зимни муноқиша бо падари 55-солааш ӯро бо як чӯбе ба сараш мезанад, ки бар асари ин зарба мард ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.



Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста