Сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Ардашер Қодирӣ бо супориши вазири корҳои хориҷии кишвар ҷиҳати баррасии таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман, ҳамоҳангсозии берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати пеш омадани зарурат ва мусоидат дар озодкунии Гулрухсор Рофиева ба Яман сафар намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ рӯзи 6 январи соли равон Ардашер Қодирӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Яман Абдулло Ал-Соидӣ мулоқот анҷом дод.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат сафири Тоҷикистон дархости вазири корҳои хориҷӣ С.Асловро ҷиҳати иқдомоти бештари ҷониби яманӣ дар раҳоиши шаҳрванди Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева баён дошт. Ҷониби яманӣ таъкид кард, ки мавзӯи шаҳрванди Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад ва пайгирии раҳоиши ӯ идома дорад.

Худи ҳамон рӯз вохӯрии сафир А.Қодирӣ бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Яман Ҷамол Рувайшон доир гашт, ки зимни он аз ҷониби яманӣ дархост гашт, то дар раҳоии шаҳрванди Тоҷикистон ҷаҳди бештар намоянд.

Ҷамол Рувайшон иброз дошт, ки мавзӯи мазкурро зери назорати шахсӣ мегирад ва мекӯшад, то дар фурсати кӯтоҳтарин натиҷае ба бор ояд.