Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар барафрохтани парчами сиёҳи «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) дар маркази маъмурии ноҳияи Шаҳритӯс чанде аз сокинони ин ноҳия боздошт шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Шаҳритӯс дар ин робита хабар дод, боздоштшудагон зодагони деҳаи Ленинобод буда, айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар он ҷо машғули таҳқиқи ҳодиса мебошанд.
«Боздоштшудагон наврасон буда, айни замон мақомот онҳоро бозпурсӣ мекунанд. Чанде аз наврасони маркази маъмурии ноҳия низ ба даст доштан дар ин кор гумонбар дониста мешаванд. Аммо алҳол мушаххасан дар бораи маҳз бо кадом мақсад барафрохтани матоъи сиёҳ чизе гуфта наметавонем. Ҳамааш мавриди таҳқиқ қарор дорад ва баъди анҷоми ин корҳо метавон дар бораи ҷузъиёти ин қазия сухан гуфт», - гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки чанд рӯз қабл овозаҳое пайдо шуданд, ки дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс парчами ДИИШ барафрохта шудааст, вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқ он замон ин маълумотро тасдиқ накарда буданд.
Марги 4 узви як хонадони тоҷик дар пайи сухтор дар Русия
Боздошти марде, ки ронандаи автобусро латукӯб кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Роҳи амон мондан аз хашми Худо”
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон”
Суроға ва телефони марказҳои омӯзиши забони кореягӣ. Барои сафар ба Корея дар куҷо ва чӣ гуна бояд омода шуд?
Рӯзи рақобати дуюми “уқоби тоҷик” дар UFC маълум шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста