Собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, ки таҳти раҳбарии ӯ аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳ ба дастгоҳи Вазорати мудофиаи ва Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ҳамла сурат гирифт, зинда аст. Дар ин бора рӯзи якшанбе хабаргузории ТАСС бо истинод ба сарчашмаи огаҳ аз ҷараёни амалиёт иттилоъ дод.
Баъдан ҳамин рӯз котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ба РИА «Новости» хабар дод, ки генерал Назарзода зинда буда, бо ҳаммаслакони худ дар иҳотаи кормандони мақомоти қудратӣ қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, қаблан як манбаъи огаҳ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки генерал Назарзода кушта шудааст. Муддати ду рӯз ин маълумотро расман касе инкор накард ва ғайр аз ин, мақомоти аз посух ба савол дар бораи кушта шудани Назарзода худдорӣ карданд.
Бино ба маълумоти мавҷуда, аз оғози амалиёти махсус, ки муддати 10 шабонарӯз идома дорад, беш аз 100 нафар аъзои гурӯҳи Назарзода боздошт ва ҳудуди 30 нафарашон кушта шудаанд. Ҳамчунин 9 нафар кормнадони мақомоти интизомии Тоҷикистон низ дар рафти ин амалиёт ҳалок шудаанд. Амалиёти мазкур дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узвии СААД, ки рӯзи 15 сентябр дар Душанбе доир мегардад, ҷараён дорад.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон генерал Назарзода ва ҷонибдорони ӯро дар содир намудани ҷиноятҳои хиёнат ба ватан, терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва дигар ҷиноятҳо муттаҳам медонад. Рӯзи 4 сентябр генерал Назарзода «бинобар сабаби содир намудани ҷиноят» аз вазифааш озод карда шуд.




Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста