Ҳамаи муовинони вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки санаи 24 ноябр бо қарори ҳукумат аз мансабҳояшон барканор шуданд, дар ихтиёри Раёсати кадрҳои Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ қарор доранд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи кишвар хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, собиқ муовини вазири мудофиа, собиқ сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ генерал-майор Зариф Шарифзода, собиқ муовинони вазири мудофиа генерал-майорҳо Саидамир Розиқзода ва Суҳроб Маҳмудзода алҳол бекоранд.

Муовини дигар вазири мудофиаи аз кор озодшуда генерал-майор Бобоҷон Саидзода бо фармони президенти мамлакат фармондеҳи Қушӯнҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24 ноябр бо қарори ҳукумат муовини якум ва муовинони вазири мудофиа, сардори раёсати иктишофи (разведкаи) ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз ин вазифаҳо озод карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин масъалаи амалиёти зиддитеррористии рӯзҳои 4 - 16 сентябри соли ҷорӣ суратгирифта доир ба несту нобуд кардани гурӯҳи террористӣ, ки ҳадафи ноором сохтани суботу оромии мардум ва халалдор сохтани амнияти мамлакатро дошт, ибрози назар намуда, мавҷудияти як силсила камбудиву норасоиҳоро дар самтҳои зикршуда таъкид кард.