Туркия собиқ афсари Вазорати мудофиаи Русия, капитани 34-соларо, ки дар сафҳои Давлати исломӣ меҷангидааст, ба Тоҷикистон истирдод намуд.
Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, Денис Хисамов дар шаҳри Краснодари Россия таваллуд шуда, шаҳрванди ин кишвар мебошад, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои техникӣ, собиқ корманди Вазорати мудофиаи Россия.
«Моҳи майи соли 2015 бо роҳи қалбакӣ шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистонро омода намуда, тавассути ин шиноснома аз Россия ба Туркия ва аз он ҷо ба гурӯҳҳои ҷинояткори Давлати исломии Ироқу Шом пайвастааст, - омадааст дар маълумоти ВКД. - Денис Хисамов дар муноқишаҳо ва ҷангҳои сарзамини Ироқу Сурия фаъолона ширкат варзида, моҳи апрели соли 2017 вақти баргаштан аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия аз ҷониби кормандони милитсияи Туркия дастгир ва барои шиносномаи қалбакии Тоҷикистонро доштанаш, ба Тоҷикистон фиристода шудааст».
Гуфта мешавад, Денис Хисамов қасди баргаштан ба Россия барои содир намудани ҷиноятро дошта, санҷишҳо дар ин самт идома доранд.
Як манбаи «Азия-Плюс» дар ВКД Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ки ба гумони ғолиб, Хисамов ояндаи наздик аз Тоҷикистон ба Русия истирдод хоҳад шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.