- Дар ҳоли ҳозир, Сафорати Амрико ҳеҷ далеле надорад, ки ба сатҳи баланди таҳдид ба шаҳрвандони ИМА дар Тоҷикистон ишора намояд, - хабар дода мешавад дар сомонаи расмии сафорат.

Дар ҳамин ҳол, намояндагии дипломатии ИМА аз шаҳрвандонаш даъват кардааст, ки оид ба муҳите ки дар он қарор доранд, иттилоъ дошта бошанд ва барои дилхоҳ кӯмак ба сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Дар робита ба ҳодисаи фоҷеабор бо сайёҳони хориҷӣ дар роҳи мошингарди самти Данғара изҳор мегардад, ки “мо ин ҳамлаи ғайримунтазираро маҳкум намуда, ҳамдардии амиқи худро ба хонаводаи қурбониён мерасонем ва ба онҳое, ки дар ин фоҷеъа осеб диданд, шифоёбии оҷилро орзу мекунем”.

“Сафорати Амрико ба мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон оиди вокуниши фаврӣ ва касбии онҳо дар ин ҳодиса миннатдории худро баён мекунад ва ҳамкориро бо мақомотҳо дар раванди тафтишот давом медиҳад”, - қайд мешавад дар маълумоти сафорат.

Ёдрас мекунем, ки бар асари пахши сайёҳон бо автомашина дар роҳи ноҳияи Данғара чор нафар саёҳони хориҷӣ ҳалок шуданд, ки 2 нафарашон шаҳрвандони ИМА мебошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.