Ҳодисаи ҳалокати 4 сайёҳи хориҷӣ дар Тоҷикистон ду рӯзи охир дар сархати хабарҳои васоити ахбори умуми ҷаҳон қарор дорад.

Шабакаи телевизионии EuroNews аз хулосабарорӣ худдорӣ варзида, танҳо ба изҳороти расмии ҳукуматдорони Тоҷикистон ишора мекунад.

“Дар ин ҳамла Тоҷикистон ҳизби манъшудаи исломиро гунаҳкор медонад, лекин ҲНИТ ба пайвандони фавтидагон ҳамдардӣ изҳор намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки тафтишот “овоза ва гумонҳоро ботил мебарорад, - менависад хабаргузории амрикоии Time. – Агар изҳороти Давлати исломӣ тасдиқ шавад, ин бори нахуст хоҳад буд, ки аз моҳи августи соли 2017 дар Барселона, шаҳрвандони ИМА бар асари амали террористӣ дар хориҷи кишвар кушта шуданд”.

Скриншот

Дар бораи даст доштани Давлати исломӣ ба ин ҳамла Нью-Йорк Таймс низ маълумот дод – “Давлати исломӣ изҳор дошт, ки 4 велосипедронро дар Тоҷикистон нобуд кард”.

Хабаргузории Франс-Пресс (AFP) менависад, дар изҳороти Давлати исломӣ гуфта мешавад, “гурӯҳи сарбозони халифат” ба “шаҳрвандони кишварҳои эътилофи салибдорон” ҳамла кард.

Нашрияи “Республика”-и Италия бо сарлавҳаи “Тоҷикистон, автомобил велосипедронҳои Ғарбро пахш кард. Давлати исломи: “Ин кори мост” ба чоп расида, дар он зикр мегардад, ки дар ин амал ВКД Тоҷикистон ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъшударо муттаҳам мекунад, лекин роҳбарони ҳизби дар хориҷи кишвар қарордошта ин айбро рад мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.