Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон қариб 6,7 тонна маводи доруворӣ ва атриётро нобуд кард.

Рӯзи 17 июн дар партовгоҳи шаҳри Бохтар 6 ҳазору 688 кило маводи доруворӣ ва атриёти муҳлати истифодаашон гузашта ва ғайримеъёрӣ нобуд карда шуд, хабар дод сардори Сарраёсат Маҳмадҷон Абдулқодирзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, аз миқдори умумии маводи дорувории нобудшуда беш аз 70%-аш аз ҷониби худи ширкатҳои машғул ба дорусозиву фурӯши онҳо ба сарраёсат супорида шуда, 30%-и боқимонда дар ҷараёни санҷиш дар дорухонаҳо ва муассисаҳои тиббӣ мусодира гардидааст.

Зимнан зикр шуд, ки ширкатҳои машғул ба дорусозӣ ва фурӯши он, ки дар вилоят фаъолият доранд, бештар масъулиятнок шудаанд ва худашон пешакӣ маводи дорувории муҳлати истифодааш гузаштаро ба раёсат месупоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.