Дар машқгоҳи таълимии “Илийский”-и Қазоқистон санаи 1 июл тамринҳои низомии байнулмилалии “Уқоби даштӣ” ба анҷом расиданд.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин машқҳо муовини фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи кишвар, полковник Нуриддин Сатторов роҳбарӣ кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
Дар ҷараёни машқҳо хизматчиёни ҳарбӣ аз Британияи Кабир, Ҳиндустон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон ва ИМА ҳамроҳ малакаҳои ҳарбиро зимни амалиёти сулҳофар мавриди санҷишу амал қарор доданд.
Аз ҷумла, вазифаҳо оид ба посбонӣ дар гузаргоҳҳо, ҳамроҳӣ кардани борҳои башардӯстона, гуфтушунид бо аҳолии маҳаллӣ, тарзи посбонӣ дар маҳалҳо, безарар гардонидани майдонҳо аз мина, поккории об ва таъмини он, ҳамчунин расонидани кумаки аввалияи тиббӣ дар амал санҷида шуданд.
Қобили зикр аст, ки машқҳои низомии “Уқоби даштӣ” шурӯъ аз соли 2003 бо мақсади такмили таҷрибаву малакаҳо зимни анҷоми амалиёти сулҳофар, ки дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои муштараки назариявӣ ва амалӣ андӯхта шудаанд, гузаронида мешаванд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Марги 4 узви як хонадони тоҷик дар пайи сухтор дар Русия
Боздошти марде, ки ронандаи автобусро латукӯб кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Роҳи амон мондан аз хашми Худо”
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон”
Суроға ва телефони марказҳои омӯзиши забони кореягӣ. Барои сафар ба Корея дар куҷо ва чӣ гуна бояд омода шуд?
Рӯзи рақобати дуюми “уқоби тоҷик” дар UFC маълум шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста