Дар Маскав таксироне боздошт шудааст, ки сарфи назар аз тести мусбат доштан нисбат ба коронавирус, ба идораи мошинаш идома медод. Дар ин бора шабакаи телевизионии “360” бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад. Дар ҳамин ҳол, ба ҷуз тоҷикистонӣ будани ӯ, дар борааш дигар маълумот дода намешавад.

“Мард зодаи Тоҷикистон буда, дар Кимовскии вилояти Тула ба қайд гирифта шудааст, лекин доимо дар кӯчаи Лосевский дар Маскав зиндагӣ мекунад”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, кормандони пулис ӯро 6-уми апрел дар ҳамон ҷо, назди даромадгоҳи хонааш дастгир кардаанд.

“Ба эътирофи ин мард, ӯ рӯзи 28-уми март худро бад ҳис карда, ёрии таъҷилии тиббиро даъват кардааст. Дар ӯ коронавирус ошкор шуда, дастур гирифтааст, ки дар хона бимонад. Ба гуфтаи мард, аз мошин ӯ танҳо барои хариди шахсӣ дар мағоза истифода мекардааст. Дар ҳамин ҳол, ӯ иқрор шудааст, ки ба ин васила реҷаи карантини шадидро риоя накардааст”, - хабар медиҳад шабакаи телевизионӣ.

Таксиронро дар маҳалли ҳодиса эпидемиологҳо муоина карда, сипас дар маркази “Тсаритсино” бистарӣ кардаанд. Нисбат ба ӯ санад дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Дар хадамоти “Яндекс.Такси” ба шабакаи телевизионии “360” хабар додаанд, ки ин шахс рӯзи 28-уми март аз онҳо фармоиш нагирифтааст.

“Масъалаи гумонбар будани корбарон ё ронандагон ба сирояти коронавирус ё робитаи онҳо бо шахси беморро мо фавран баррасӣ мекунем. Дар ин ҳолат аз Роспотребнадзор маълумоти иловагӣ нагирифтаем”, - хабар додаанд дар дафтари матбуоти ширкат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.