Пас аз маҳви нашъаҷаллоб дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, 8 нафарро ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба карантин гирифтанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар карантин сардори ШВКД-и ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, 3 корманди шуъба ва 4 табиб қарор доранд.
“Бо мақсади пешгирии сироят онҳоро дар беморхонаи ноҳия ба карантин гирифтанд, чунки онҳо бо ҷасади нашъаҷаллоб ва чизҳои ӯ сарукор доштанд. Дар онҳо ягон аломатҳои сирояти коронавирус ошкор нашудааст. Тибқи маълумоти гуногун, дар Афғонистон беш аз 1,5 ҳазор ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст”, - иттилоъ дод манбаъ.
Бино ба маълумоти ВКД, амалиёти боздошти нашъаҷаллоб шаби 10-уми апрел сурат пазируфт. Дар ҷараёни он нашъаҷаллоб – шаҳрванди Афғонистон Ғазнӣ Мустафо валади Абдулкарим муқовимат нишон дода, кушта шуд. Дар ҷойи ҳодиса 16 кило маводи мухаддир дарёфт гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.