Имсол дар фасли зимистон хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1 то 7-уми январ истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷадвали нави таътилҳо бо қарори ҳукумати кишвар аз 28-уми марти соли 2024 тасдиқ шудааст. Дар Вазорат зикр карданд, ки  камшавии рӯзҳои таътили тирамоҳӣ, зимистона ва баҳории мактабхонҳо дар Тоҷикистон аз ҳисоби зиёд кардани таътили тобистона сурат мегирад.

"Бо дарназардошти ин тағйирот, шумораи ҳафтаҳои таҳсил аз 36 то 35 ҳафта кам шуд. Дар ҳамин замина, чоряки чаҳорум на 14-уми июн, балки 31-уми май ба охир мерасад. Мувофиқи ин, таътили тобистона дар Тоҷикистон аз 1-уми июн оғоз меёбад", - гуфтанд дар Вазорати маориф.

Соли хониш бе назардошти ҷамъбаст дар соли 2024/2025 35 ҳафта ва барои хонандагони синфҳои якум - 34 ҳафта давом мекунад.

Акнун таътили тирамоҳӣ аз 1 то 7 ноябр, зимистона - аз 1 то 7 январ ва баҳорӣ - аз 25 то 29 март идома меёбанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан хонандагон дар давраи таътилҳои тирамоҳиву зимистона ва баҳорӣ 10 рӯз истироҳат мекарданд: аз 1 то 10 ноябр, аз 1 то 10 январ ва аз 21 то 31 март.

Соли 2010 таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон умуман бекор шуданд. Сабаб буҳрони энергетикӣ номида шуд, замоне, ки мактабҳо бо низоми гармидиҳӣ таъмин набуданд ва дар ҷумҳурӣ реҷаи шадиди маҳдудияти барқ ё худ лимит амал мекард. Он вақт таътили зимистона то 1 моҳ дар моҳи январ дароз карда шуда, таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ бекор карда шуданд.

Баъдан моҳи октябри соли 2011 Вазорати маориф изҳор дошт, ки баҳору тирамоҳ танҳо синфҳои ибтидоӣ истироҳат мекунанд, лекин соли 2012 истироҳат дар давраи миёнаи таҳсилро барои синфҳои ибтидоӣ низ бекор карданд.

Соли 2018 дар ҷадвали мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ барқарор карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.