Дар қаламрави қисми ҳарбии №3501 дар Хуҷанд машқҳои таълимӣ-дастурии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд баргузор шуданд. Сохторҳои қудратӣ тарзу усули саркӯб намудани эътироз ва бетартибиҳоро дар амал санҷиданд.
Мувофиқи фарзияи машқҳо, як гуруҳи эътирозгарон зидди қатъи интиқоли барқ ошӯб бардошта, кормандони милитсия иштирокчиёни фаъоли гирдиҳамойиро боздошт ва бо ёрии гази ашковар ва обпошакҳо боқимонда эътирозгаронро пароканда карданд.
Бино ба маълумоти ВКД, ин машқҳо, ки муддати як ҳафта идома доштанд, ба “нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон ва ҳимоя аз моликияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ замони рух додани гирдиҳамойиҳо ва эътирозҳо” равона гардидаанд.
Дар сомонаи ВКД қайд мешавад, ки гузориши мухтасар дар намоиши телевизионӣ пешниҳод карда шуда, баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ ин машқҳоро ҳамчун ҳақиқати ҳол нишон доданд.
Қобили зикр аст, ки чандин сол инҷониб Тоҷикистон дар мавсими зимистон ба мушкили камбуди барқ дучор мешавад. Соли 2017 ҳукумат изҳор дошт, ки дигар реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) пурра аз байн бардошта шуд, лекин охири соли 2020 ва аввали соли равон дар манотиқи деҳоти кишвар расман реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ шуд.
Ҳукумат мегӯяд, ба ҷорӣ кардани лимит маҷбур аст, зеро сатҳи об дар обанборҳо, аз ҷумла обанбори Норак, ки дар сарбанди он неругоҳи имрӯз пуриқтидортарин дар Тоҷикистон сохта шудааст, босуръат поин рафт.
Дар Тоҷикистон тибқи қонун ба баргузории эътирозҳои осоишта иҷоза дода шудааст, лекин бо гирифтани розигии ҳукумат.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даргузашти Соя, муаллифи шеъри маъруфи “Лаби хомӯш", ки дар Тоҷикистон низ ҳаводор дошт
Aleph ва Reddit хидматрасони таблиғгарон дар бозорҳои рушдёбандаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошанд
Ҳалокати ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар ду рӯзи охир
Таҳримҳои зидди Русия ба афзоиши содироти маҳсулоти соҳибкорони тоҷик сабаб шуд
Як ронанда дар Душанбе барои беэҳтиромӣ нисбат ба мусофирон 10 шабонарӯз ҳабс шуд
Дар Туркия Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ оғоз шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон 123 нафар ғарқ шуданд
Дар Олимпиадаи Ҳиндустон се шоҳмотбози тоҷик меъёрҳои устоди байнулмилалиро иҷро карданд
Пешниҳоди таъсиси гуруҳ ба диаспораи ӯзбекон дар Перм барои иштирок дар ҷанг бо Украина
Фурӯши билет ба қатораҳои самти Русия оғоз шуд. Чанд пул нарх дорад ва дар куҷо метавон харид?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста