Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи тақрибан 100 миллион сомонӣ (55 миллион юани чинӣ) дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон пойгоҳи махсус месозад. Лоиҳаи созишномаи бунёди он имрӯз, 27 октябр, дар парлумони Тоҷикистон қабул гардид.
Пойгоҳи мазкур бар асоси созишнома миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин бунёд мешавад.
“Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни ду давлат Чин барои бунёди пойгоҳи дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар дараи Вахони ноҳияи Ишкошими ВМКБ кӯмаки бебозгашт мекунад. Тибқи ин созишнома тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки ҳангоми бунёди пойгоҳ аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод мебошад”, - гуфт Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи мазкур.
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Толибхон Азимзода дар сӯҳбат бо журналистон гуфт пойгоҳ бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба Чин сохта мешавад.
“Пойгоҳ аз биноҳои корӣ ва дигар биноҳои маишӣ иборат буда, ба маблағи 55 миллион юани чинӣ, баробар ба тақрибан 100 миллион сомонӣ сохта мешавад”, - гуфт вакили парлумон.
Сохтмони пойгоҳи махсуси ВКД аз ҷониби Чин дар ҳолест, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади бештар дорад. Ин кишвар ҳудуди се моҳ аст, ба дасти "Толибон" гузаштааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 рӯзномаи амрикоии "Вашингтон Пост" навишта буд, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки як посгоҳи наздимарзӣ дорад, ҳарчанд ду кишвар ҳеч гоҳ онро расман эътироф накардаанд.
Дар гузориши мукаммали рӯзнома омадааст, "посгоҳи хоксорона дар наздикии гузаргоҳи Вахон дар Афғонистон ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоб аст". Хабарнигори "Вашингтон Пост" навишта буд, ҳангоми сафараш ба марзи Тоҷикистону Афғонистон ин қароргоҳи низомии Чинро дид ва гурӯҳе аз неруҳои чиниро вохӯрд, ки дар бозори Мурғоб харид мекарданд.




Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста