Як гурӯҳи беш аз 190 нафараи афғонҳоро дирӯз аз Тоҷикистон ба Аморати Муттаҳидаи Араб бурданд, аз он ҷо ба Амрико сафар мекунанд.
“Дирӯз, 9 ноябр, як гурӯҳи тахминин 191 нафараи афғонҳо, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карда буданд, тавассути парвози чартерии ҳукумати ИМА аз фурудгоҳи Душанбе ба Аморати Муттаҳидаи Араб парвоз карданд”, - хабар доданд аз сафорати Амрико дар Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳавопаймо ба ғайр аз халобонҳо, инчунин нафарони касбу кори гуногуни афғон низ аз Тоҷикистон ба АМА парвоз карданд.
“Онҳо то омода шудани ҳуҷҷатгузорӣ ва расмиёт дар Аморат мемонанд ва баъдан ба Амрико интиқол меёбанд”, илова намуданд дар сафорат.
Расонаҳои байналмилалӣ хабар медиҳанд, ки аз ин гурӯҳи тахминан 191 нафара, 143 нафар халобони афғон буданд. Дар миёни онҳо, ду зан низ ҳастанд, ки яке ҳомиладор ва зери назорати пизишкони тоҷик буд.
Рӯзи 15-уми августи соли равон 143 халабони афғонистонӣ баъд аз ишғоли Кобул аз сӯи "Толибон" (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ), тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ ба Тоҷикистон фирор карданд ва ҳудуди се моҳ дар осоишгоҳе дар канори Душанбе нигаҳдорӣ мешуданд.
Онҳо борҳо аз он шикоят намуда буданд, ки дар Тоҷикистон дармондаанду сарнавишташон маълум нест ва дар Афғонистон наздиконашон таҳти фишори "Толибон" қарор доранд. Ин дар ҳолест, ки "Толибон" онҳоро барои пайвастан ба нерӯҳои нави амниятӣ даъват намуда, ваъда дода буданд, ки ба онҳо зиён намерасонанд.
Расонаи “Садои Амрико” менависад, ки раванди эвакуатсияи низомиёни афғон аз Тоҷикистон дар муқоиса бо амалиёти мушобеҳе, ки дар Ӯзбакистон анҷом шуд, мушкил ва печида будааст.
Охири моҳи августи соли равон як гурӯҳи халобонҳои афғон ва хонаводаҳояшонро, ки онҳо низ баъди тасарруфи Кобул ба Ӯзбекистон фиор карда буданд, ин кишварро тарк намуданд.
Сухангӯи Пентагон гуфтааст, Амрико дар дарёфти иҷозаи мақомоти Тоҷикистон барои дастрасӣ ба халабонҳо ва интиқоли онҳо аз кишвар мушкил дошт.
Баъд аз тасарруфи Афғонистон аз сӯи “Толибон”, садҳо шаҳрванди он кишвар ба давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, паноҳанда шуданд. Бисёре аз паноҳҷӯён ба монанди халабонҳо мехоҳанд, ба кишвари севум раванд, вале ба назар мерасад, ин кор чандон осон нест.