Вазорати дифои Амрико гуфтааст, чархболҳои ҳукумати пешини Афғонистон, ки пас аз расидани “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар тоҷикистон мамнӯъ) ба қудрат дар Кобул ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мунтақил шуда буданд, бозпас дода намешавад. Ин нуктаро сухангӯи Вазорати дифои Амрико Ҷон Карбӣ, рӯзи 18-уми январ дар нишасти матбуотие гуфтааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як ҳафта пеш иҷрокунандаи вазири мудофиаи “Толибон” Муҳаммад Яъқуб аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон талаб карда буд, ки ин чархболҳо бояд баргардонида шаванд.
Ҷон Карбӣ дар масъалаи тақдири ояндаи чархболҳо гуфтааст, ки ҳанӯз сари ин мавзуъ кор мекунанд ва онҳо ба Афғонистон фиристода намешаванд, то аз ҷониби Толибон истифода шаванд.
Ӯ дар мавриди он ки дар ниҳоят чӣ коре анҷом медиҳанд ва ин чархболҳо ба куҷо мераванд, танҳо гуфтааст, ки баррасиҳо идома дорад.
Як ҳафта пеш Мавлавӣ Муҳаммад Яъқуб дар мавриди баргардонидани чархболҳо гуфта буд, ки намегузоранд, ки ин чархболҳо дар хориҷа бимонанд ва ё аз ҷониби ин кишварҳо истифода шаванд.
Ӯ Тоҷикистону Ӯзбекистонро огоҳ карда буд, ки агар онҳо чархболҳоро барнагардонанд, ба оқибатҳояш дучор хоҳанд шуд ва набояд дар ин маврид сабр ва таҳаммули афғонҳоро озмоиш кунанд.
Баҳси чархболу тайёраҳо миёни ҳукумати Толибон ва кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Ӯзбекистонаш ҳанӯз пас аз чанд рӯзи расидани толибон ба қудрат дар Кобул оғоз шуда буд. Дар оғози моҳи декабр хабаргузории "Фарғона" хабар дода буд, ки Ӯзбекистон чанде аз чархболу ҳавопаймоҳои низомии Афғонистонро баргардонидааст.
Сухан аз чархболҳову тайёраҳои низомие меравад, ки баъди ба дасти Толибон афтидани Кобул бархе аз халабонҳои низомии Афғонистон чархболҳоро аз Афғонистон парвоз дода, ба Тоҷикистону Ӯзбекистон оварданд.
Инъомуллоҳ Самангони, сухангӯйи толибон ба “Тулуънеюс” гуфтааст, ки гуфтушуниди онҳо бо кишварҳои ҳамсоя барои баргардонии 40 чархбол аст. Аммо ҳоло маълум нест, ки чӣ миқдор аз ин чархболҳо дар Тоҷикистон асту чӣ миқдоре дар Ӯзбекистон.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар 18-уми августи соли 2021 ба “Азия-Плюс” оварда шудани ин чархболҳоро ба Тоҷикистон таъйид карда буд ва гуфта буд, ки аксари ин чархболҳо низомиянд. Аммо сафир гуфта буд, ки теъдоди дақиқашро намедонад.
Мақомоти расмии Тоҷиикистон то кунун расман дар бораи ин чархболҳо чизе нагуфтаанд ва талошҳои "Азия-Плюс" барои ба даст овардани назари ҷониби Тоҷикистон бенатиҷа буд.
Хабаргузории “Ройтерз” чанде пештар хабар дода буд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон аз Амрико хостаанд, ки ин чархболҳо дар кишварҳояшон бимонанд, вале маълум нест, ки ИМА чӣ посухе додааст.
Дар замони суқути Кобул наздик ба 150 халабони низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳанда шуда буданд, ки баъди чанд вақти иқомат дар Тоҷикистон, онҳо аз сӯйи Амрико ба кишвари сеюм мунтақил шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста