Пас аз як рӯзи тирпаронӣ ва музокирони чандсоата дар марз фармондеҳони неруҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон бегоҳии 13-уми апрел зери се протокол имзо гузоштанд.
Ин музокирот аз субҳ то бегоҳии имрӯз, 13-уми апрел дар минтақаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон? ҳаммарз бо ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома кард.
Аммо ҷузъиёти ин протоколҳо шарҳ дода намешавад.
Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди ҷамъбасти чандсоатаи музокирот бегоҳии имрӯз ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар ниҳояти музокирот миёни фармондеҳони неруҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шаршеев се протокол ба имзо расид.
Давлатзода мазмуни умумии тавофуқоти ҳосилшударо чунин шарҳ дод:
“Қувваҳои иловагӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шаванд. Ҷонибҳо ҳаёти осоиштаи сокинони наздимарзиро таъмин кунанд ва сабабу омилҳои муноқишаи ахир пурра омӯхта шавад. Роҳбарони идораҳои хоҷагии об ва замини вилоятҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ тақвият бахшида, бо назардошти манфиати тарафҳо аз захираҳои обии минтақа якҷо ва самаранок истифода намоянд, аз бандҳои протокол буд”.
Субҳи имрӯз Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Абдикарим Алимбаев раиси вилояти Бодканд низ якҷоя бо фармондеҳону роҳбарони сохторҳои қудратӣ сари мизи музокирот нишаста, хостори пас кашидани неруҳо аз хатти марз шуда буданд.
Дар тирпаронии ёдшуда, ки шоми 12-уми апрел, соати 18.30 рух дод, бар асрари тирпаонӣ як марзбони 27-солаи тоҷик Зоир Саидумаров аз тири марзбонони қирғиз кушта шуд ва имрӯз, 13-уми апрел дар зодгоҳаш ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба хок супурда шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Бароям муҳим аст, ки хонанда баъди хондани осорам ба фикр фурӯ равад”. Сорбон 85-сола шуд
“Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ
Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад
Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст
Дар Тоҷикистон кӣ ва чанд пул маош мегирад?
“Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт
Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузди меш ва марди тамаъкор”
Оҷонсии нафақа: Соли гузашта ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 106 сомонӣ зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста