Қирғизистон иддао дорад, ки Анқара ба Душанбе паҳпод ё худ ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақтар” медиҳад. Ин мавзуй миёни вакилони парлумони Бишкек баҳси доғеро ба бор оварда, ҷониби Қирғизистон гуфтааст, аз Туркия дархост карда буданд дар ин масъала эҳтиёткор бошанд. Ин дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон дар мавриди харидории “Байрақтар” то ҳол расман иттилоъе надодааст.
Ин нигарониҳои ҷониби Қирғизистон дар пайи сафари ахири вазири дифои Тоҷикистон ба Туркия ба бор омадааст.
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон 20-уми апрел ба Туркия рафт ва дар ҳошияи сафар бо ҳамтои туркаш Хулуси Акар масъалаҳои амнияти дуҷониба, минтақавӣ ва мудофиа, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд. Дар ин дидор миёни вазирони дифои Тоҷикистону Туркия бо мақсади рушди ҳамкориҳои низомӣ созишномаи чаҳорчӯбии ҳамкории низомӣ ба имзо расид.
Ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ин созишномаи чаҳорчӯбӣ то кунун иттилои расмие нашр накардааст.
Аммо пас аз як ҳафтаи ин созишнома, имрӯз, 27-уми апрел дар ҷаласаи парлумони Бишкек, ки номазадии Ҷээнбек Кулубоев ба мақоми вазири умури хориҷии Қирғизистонро баррасӣ мекарданд вакилони қирғиз гуфтаанд, Тоҷикистон аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишин харидааст.
Ба иттилои хабаргузории қирғизии 24.kg вакили мардумӣ Мирлан Самийкоҷо аз вакилон хостааст, дурустии иттилои шабакаҳои иҷтимоиро дар мавриди он ки Туркия ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақтар” интиқол медиҳад, мушаххас кунанд.
Дар похух ба дархости ӯ Ҷээнбек Кулубоев, номзад ба мақоми вазири умури хориҷии Қирғизистон гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишин харидааст.
«Бале, ин дуруст аст. Туркия ба Тоҷикистон «Байрақтар» фиристод. Қаблан мо аз Туркия дархост карда будем, ки дар ин масъала эҳтиёткор бошанд, зеро то ҳол мушкили байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро наёфтааст. Мо хоста будем ба кишварҳои ҳамсоя ҳавопаймоҳои бесарнишин нафурӯшанд. Онҳо посух доданд, ки ин тиҷорат, масъалаи тақвияти ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ аст. Мо пас аз дарёфти иттилои комил бо ҷониби Туркия гуфтушунид хоҳем кард», - гуфтааст Кулубоев.
Кулубоев гуфтааст, ки мо ба сафир ва дигар мақомот дастур додем, ки ин масъаларо омӯзанд.
Вакилони қирғиз дар ҳоле аз дарёфти паҳподҳо аз ҷониби Душанбе изҳори нигаронӣ мекунанд, ки Бишкек охири соли 2021 аз Анқара паҳподҳои “Байрақтар ТБ2” харид. Моҳи марти соли 2022 иқтидори онро дар размоише дар шаҳри Баликчи Иссиқкӯл бо ҳузури раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов санҷиданд. Қирғизистон миёни кишварҳои узви СПАД нахустин кишваре шуд, ки соҳиби паҳбод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ гардид.
Рӯзи 18-уми декабр Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, «ин дастгоҳҳо пурра бо маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ харидорӣ шуда, барои таъмини амнияти мудофиавии кишвар, аз ҷумла ҳифзи сарҳади давлатӣ истифода хоҳанд шуд».
Аммо Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон 25-уми марти имсол ва пеш аз чанд рӯзи размоиши низомӣ гуфта буд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақтар”-ро барои ҳифзи марз, хусусан марз бо Тоҷикистон харидаанд.
“Ба наздикӣ мо бо Байрақтар ТБ2-и худ дар қаламрави кишвари худ машқҳои ҷангӣ мегузаронем. Мо мехоҳем ба тамоми ҷаҳон тавоноии онҳоро нишон диҳем. Мо ин Байрақтар ТБ2-ро ба вазифаи ҷангии Хадамоти марзбонии худ гирифтем. Аз ҳоло дар фазо марзҳои кишвари моро ба таври иловагӣ “Байрақтар” посбонӣ мекунад”,-гуфта буд Тошиев .
Кулубоев ба саволи “Дар ҳақиқат, ин рост аст ё шумо маълумот надоред?” як вакили порлумон посух додааст, ки “алҳол рост аст. Лекин ҳоло мо ошкор карда истодаем, ки байрақтарҳо чӣ қадар ва ба чӣ миқдор маблағ харида шудаанд”.
Созишнома лар бораи ҳамкории низомӣ-техникӣ байни Душанбе ва Анқара дар ҷараёни сафари Хулуси Акар ба Тоҷикистон 1 июли соли 2021 низ баррасӣ шуда буд. Он замон Акар Тоҷикистонро шарики муҳими Туркия дар Осиёи Марказӣ номида, ваъда дода буд, ки минтақаро аз тундгароёни афғон ҳимоя мекунад.
Дар ҳамин ҳол, дар хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки онҳо сафари вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзоро ба Туркия тасдиқ мекунанд.
Дар мавриди харидани “Байрақтар” посухе доданд, ки ин маълумотро тасдиқ ё рад кунад.