Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ҳайати комисияи кор бо занҳо ва сиёсати демографиро иваз кард.
Ба ин тартиб, Соро Назарбоева - ҳамсари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз комисия ихроҷ шудааст.
Ба ҷуз аз Соро Назарбоева аз комисия ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон Элвира Азимова, мудири "Қазпочта" Аида Абибуллоева ва дигар аъзои комисия ихроҷ шудаанд.
Соро Назарбоеваи 81-сола, муассис ва роҳбари Бунёди хайрия барои кӯдакони "Бобек" солҳои охир дар мазҳари ом кам пайдо мешавад. Дар ҷомеаи Қазоқистон овозаҳое ҳаст, ки вай бо шавҳараш солҳост зиндагӣ надорад.
Тоқаев ба ҳайси раиси комиссия муовини роҳбари маъмурияти худ Аида Балаеваро интихоб кард.
Агентии обуҳавошиносӣ: Чангу ғубор дар Тоҷикистон то 8 июл боқӣ мемонад
“Сомон Эйр” парвозҳоро бозмедорад. Ҳавопаймо намерасад?
“Мавҷи Истиқлол”: “Каналҳои телевизионӣ бо сабаби ноқисии сартосарӣ дар Русия аз кор монданд”
ММТ даври дуюми ҳуҷҷатсупорӣ ба имтиҳонҳоро эълон кард
Қазоқистон содироти маҳсулоти нафтиро бо автомобил манъ мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсире хоҳад дошт?
Шаббос Негматуллоев ба медали биринҷии аввалин мусобиқаи Ҷоми Элорда соҳиб шуд
Ҳамаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати нишаст дар Қирғизистонро пазируфтанд
Тоҷикистон ҳоло ҳам ба қарзи имтиёзноки ХБА умедвор аст
Се медали гуштингирони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё
Дар як сохтмони Маскав беш аз 60 нафар муҳоҷирон ҷанҷолу занозанӣ карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста