Мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо нашри аксҳо аз оқибатҳои муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, аз созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки рӯйдодҳои рӯзҳои 14-17 сентябрро бо чашми ҳақбин ва аз рӯи воқеият баҳогузорӣ намоянд.

“Аксҳо аз минтақаҳои наздисарҳадии Исфарамарз бори дигар собит менамояд, ки қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва хонаҳои истиқоматкунандагонро таҳти тирборон қарор додаву оташ задаанд.

Бо пешниҳоди аксҳо аз ҷойи воқеаҳои ахир аз созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарону коршиносони сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ даъват карда мешавад, ки зери таъсири иғвою дасисаҳо ва дурӯғпарокании дастгоҳҳои таблиғотии кишвари ҳамсоя намонда, ҳодисаҳо ахирро бо чашми ҳақбин ва аз рӯи воқеият баҳогузорӣ намоянд”, - зикр мешавад дар изҳороти дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

1/24

Рӯзи 18 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон” ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо бори дигар бар зарурати бо роҳи гуфтушунид ҳал намудани масъалаҳои мавҷуда таъкид карданд. Ҳамзамон муҳим шуморида шуд, ки шартҳои оташбас риоя гардида, оқибатҳои даргириҳои марзӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.

Гурӯҳҳои корӣ ба мувофиқа расиданд, ки роҳҳо барои рафтуомад кушода шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардад. Худи ҳамон рӯз роҳ ба самти Ҷамоати деҳоти Ворух боз шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳалокати 28 нафар дар ҷараёни муноқишаи ахир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳона 59 нафар ҳалок шудаанд.

Бо амри президенти Қирғизистон Садир Жапаров имрӯз, 19-уми сентябр дар ин кишвар Рӯзи мотам эълон шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи даргирии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки 14-уми сентябр оғоз гардид, аз ҳарду ҷониб, даҳҳо нафар ба ҳалокат расидаву садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.