Тақрибан соати 10:30-и субҳи имрӯз, 26-уми сентябр, дар наздикии мактаби миёнаи №64-и деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара, ки бо вилояти Ботканти Қирғизистон ҳаммарз аст, садои тирпаронӣ шунида шуда, дар натиҷаи таркиши як норинҷак сокини деҳаи Сомониён захмӣ шудааст.
Ду манбаи “Азия-Плюс” аз сокинони маҳаллӣ бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, имрӯз, дар назди мактаби №64 тақсими кӯмакҳои ҳукумат ба сокинони зарардида ва ҳашари барқароркунии хонаҳои харобшуда ҷараён дошт, ногаҳон як норинҷак дар миёни аҳолӣ таркид ва дар натиҷа, писари муаллими деҳаи Сомониён аз пояш захмӣ шуд.
“Бахтиёр Олимов, писари омӯзгор Олимҷон Орифов захми сабук бардошт. Ӯро ба беморхона бурданд. Кормандони мақомоти қудратии мо гуфтанд, норинҷак аз сӯйе ҳаво дода нашуда, пасмондаи муноқишаи 14-18-уми сентябр аст, ки нав кафид”,- гуфт як сокини маҳаллӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс”.
Неъматҷон Олимов, амаки Бахтиёр Олимов, нафари маҷруҳшуда, ки шоҳиди ҳодиса буд, дар суҳбат бо мо афзуд, воқеан, садои тир ва таркиши норинҷак шунида шуд, вале кормандони шуъбаи корҳои дохилии Чоркуҳ гуфтанд, ин тирҳо ва мушакҳои қаблан аз ҷониби Қирғизистон партофтшуда аст, ки акнун таркид.
“Аҳолӣ барои барқарор кардани хонаҳои зарардида ва тақсими кӯмакҳои ҳукумат ба ҳашар баромада буданд. Тақрибан соатҳои 10:00 то 11:00-и субҳ дар мавзеи таги садаи деҳаи Сомониён садои тир шунида шуда, дар натиҷаи таркиши мушак пойи ҷияанам захмӣ шуд. Кормандони мақомот аҳолиро гуфтанд, мавзеи мазкурро тарк кунанд. Ҳама рафтанд. Ҳоло вазъ ором аст”, - зикр кард Олимов.
Номбурда гуфт, ҳоло дар ҷойи ҳодиса кормандони мақомот қарор доранд ва гуфтанд, пагоҳ аҳолӣ метавонанд ҳашарро давом диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дар суҳбат бо “Азия - Плюс” гуфт, дар бораи партоби норинҷак ё мушак хабар надорад ва танҳо дар расонаҳо фаҳмидааст, ки гӯё ба деҳаи Сомониёни Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон мушак партоб шудааст.
Хабари садои таркиш дар маҳалли Смониёни ҷамотаи деҳоти Чоркуҳ дар ҳолест, ки дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон, ки рӯзҳои 14-18-уми сентябр рух дод, аз ҷониби Тоҷикистон дар маҷмӯъ 41 нафар кушта ва беш аз 200 нафар захмӣ шуданд. Ҳамин тариқ, садҳо хона ва иншоотҳои маишиву хизматрасонӣ пурра ва қисман вайрон шуданд.
Ҷониби Қирғизистон аз кушта шудани 59 нафра хабар дод.
Бо вуҷуди созишномае, ки 19-уми сентябр байни роҳбарони КДАМ-и ду кишвар дар мавриди суботи авзоъ ва дур кардани нерӯҳо аз хати марз ба имзо расид, таниши лафзӣ дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар давом дорад.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста