Рӯзи 14 октябр маросими расмии ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон супурдани таҳизоти окшор кардани маводи ядроӣ (ҳастаӣ) ва радиоактивӣ баргузор шуд. Таҷҳизот дар доираи татбиқи Нақшаи миллии амали Тоҷикистон тибқи Қатъномаи 1540-и Шӯрои амнияти СММ тақдим шуд.

Дар ин маросим директори Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Илҳом Мирсаидзода ба сифати ҳамоҳангсози миллӣ ва сардори шуъба - сардори неруҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Ситоди кулли Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Анвар Аҳмадҷонзода иштирок доштанд.


Дар маркази таълимии минтақавӣ оид ба пешгирии терроризм аз 10 то 14 октябр барои кормандони Вазорати мудофиа дар мавзӯи тарзи истифодаи таҷҳизоти мазкур семинар доир гардид.


Дар мавриди омодагии ҳайати шахсии неруҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Ситоди кулли Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба баргузор намудани машқҳои доимӣ ҷиҳати тарзи дурусти истифодаи таҷҳизот дар таълимгоҳи зикршуда тавофуқ ҳосил шудааст.


Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.