Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 ноябр директори Хадамоти разведкаи берунии Федератсияи Русия Сергей Наришкинро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар рафти мулоқот дар доираи шарикии стратегии ду давлат маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният баррасӣ гардид.
Гуфта мешавад, дар ин зимн ҷонибҳо ба ҳамкории кишварҳо дар ҷодаи хадамоти махсус, ки тӯли таърихи 30-солаи робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Русия ба таври мунтазам рушд ёфтаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Ба ин манзур муҳиммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои таҳдидҳо ба амнияти миллӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамоҳангиҳои минбаъдаи амалҳоро дар самти муқовимат ба хатарҳои мавҷуда, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои паҳншавии идеологияи тундгароии динӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.
Қазияи Афғонистон низ дар маркази диққат қарор дошт.
Дар рафти суҳбат атрофи дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста