Дар радабандии пурзӯртарин артиши кишварҳои ҷаҳон - Global Firepower (GFP) байни 145 кишвар Тоҷикистон дар зинаи 120-ум қарор дорад.

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон заифтарин дониста шудааст.

Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон нисбатан пурқудрат эътироф шуда, дар зинаи 62-юми радабандӣ қарор дорад. Артиши Қазоқистон зинаи 63-юм, Туркманистон - 82-юм ва Қирғизистон - 107-умро ишғол кардаанд.

Рӯйхати қавитарин артишҳои ҷаҳон бар асоси 60 меъёри мухталиф - аз ҳаҷми буҷет ба мудофиа ва теъдоди артиш - то мавқеъи ҷуғрофӣ ва захираҳои табиӣ (мавҷудияти силоҳи ҳастаӣ ҳисоб намешавад) нашр мешавад. Маълумот дар бораи Тоҷикистонро дар ин ҷо пайдо кардан мумкин аст.

Радабандӣ бо усули зерин тартиб дода мешавад: чӣ қадаре ки индекси қувва (PwrIndx) камтар бошад, кишвар ҳамон қадр қудратмандтар аст. Ҳоло ба нишондиҳандаи ниҳоии қудрати ҳарбии 0,0000 ягон кишвар нарасидааст.

Дар маҷмӯъ, иқтидори низомии 145 қудрати ҷаҳонӣ арзёбӣ шудааст. Ҷанг дар Украина ба тақсими ҷойҳо таъсир расонид, аммо на ба он андозаи назаррасе, ки коршиносон дар аввал тахмин мекарданд.

Сарфи назар аз ҳама нокомиҳо дар ҷараёни “амалиёти махсуси ҳарбӣ” Русия дар зинаи дуюми радабандӣ боқӣ мондааст.

Дар робита ба Украина бошад, ин кишвар мавқеашро нисбати соли гузашта 7 зина беҳтар карда, аз мақоми 22-юм ба мақоми 15-ум боло рафт.

Зинаи аввали радабандиро артиши ИМА, зинаи 2-юмро - Русия ва зинаи 3-юмро Чин ишғол мекунанд. Дар зинаҳои охири радабандӣ артишҳои Молдова, Бенин ва Бутан қарор доранд.

Таҳиягарони рейтинги Global Firepower дар бораи артиши кишварҳое, ки ба ин рӯйхат шомил шудаанд, аз ҷумла шумораи танкҳо, ҳавопаймоҳо, киштиҳои ҷангӣ ва ғайра маълумоти муфассал пешниҳод мекунанд.

Моҳи январи соли 2021 Тоҷикистон дар ин радабандӣ зинаи 99-умро ишғол мекард. Лекин он вақт рӯйхат аз 138 кишвар иборат буд.

Дар бораи то кадом андоза мувофиқат доштани ин маълумот ба воқеият, танҳо тахмин метавон кард. Тибқи маълумоти таҳқиқоти ВАО-и хориҷӣ, сомонаи радабандии Global Firepower, ки аз ҷониби блогери амкриоӣ Даниэл Пучек таҳия шудааст, методологияи ҳисобкуниро ифшо намекунад, аз ҷониби ҳеҷ як аз олимон ё низомиён дар ягон кишвари ҷаҳон тасдиқ нашудааст. Бо вуҷуди ин, ӯ аз соли 2013 ба нашри радабандӣ идома дода, он зимни баргузории таҳқиқот ба инобат гирифта мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.