Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон изҳороти Анатолий Сидоров, сардори ситоди муттаҳидаи Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамӣ (СААД)-ро дар робита ба ҳузури тақрибан 4 ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон шарҳ дод ва гуфт, онҳо ба ҳама таҳдид омодаанд.
Ӯ, имрӯз, 15-уми феврал, дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, дар якҷоягӣ бо мақомоти масъули қудратӣ дар робита ба таъмини бехатарӣ дар марз нақшаи чорабиниҳо доранд ва дар сурати таҳдид метавонанд, аз он истифода кунанд.
“Яке аз вазифаҳои муҳими зерсохторҳои мо ҳамроҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қушунҳои сарҳадотӣ ва дигар мақомоти қудратии масъул таъмини бехатарӣ дар марз аст. Мо ҳамеша тайёр ҳастем, дар чунин ҳолатҳо нақшаи чорабиниҳои якҷоя ҳаст ва мо омадаем, ки дар ҳолати зарурӣ амал кунем”, - гуфт Рамазон Раҳимзода.
Ӯ бо ишора ба изҳороти Анатолий Сидоров гуфт, “дар ҳолати зарурӣ, ҳамчунин қувваҳои СААД низ бо мақсади дастгирии сарҳад дастбакор мешаванд”.
Рӯзи 14-уми феврали соли равон сардори ситоди муттаҳидаи Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамӣ (СААД) дар нишасти хабарие гуфт, теъдоди ҷангҷӯёни ба ном “Вилояти Хуросон”, бахши афғонистонии созмони террористии “ДОИШ” то ҳудуди 6,5 ҳазор афзуда, тақрибан 4 ҳазор ҷангҷӯй дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар вилоятҳои Бадахшон, Қундуз ва Тахор ҷамъ шудаанд.
Тавре хабаргузории “ТАСС” иттилоъ медиҳад, Сидоров гуфтааст, таҳдиди асосӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ аз тарафи гурӯҳҳои ифротие бармеояд, ки дар Афғонистон ҷой пайдо кардаанд ва “аз ҳама гурӯҳҳои хатарнок “ДОИШ” ва “Ал-қоида” мебошад.
Шохаи “Хуросон”-и ДОИШ бори аввал дар шарқи Афғонистон ва дар моҳи январи соли 2015 пайдо шуд. Амрико ва ҳукумати пешини Афғонистон дар охири соли 2019 эълон карданд, ки гурӯҳ қариб аз байн рафт, зеро садҳо ҷангҷӯяшро дар амалиёти зиддитеррористӣ куштанд.
Дар ҳоле ки Толибон мегӯянд, сулҳро дар Афғонистон барқарор кардаанд, шохаи "Хуросон"-и ДОИШ тайи як соли охир дар чанд шаҳри ин кишвар як силсила ҳамлаҳои пурсарусадои террористӣ анҷом дод.
Ин гуруҳ иддао кард, ки ҷангҷӯёнаш рӯзи 12-уми декабри имсол ба як меҳмонхона дар Кобул ҳамла карда, чанд нафарро куштанду чанд каси дигар, аз ҷумла панҷ шаҳрванди Чинро захмӣ карданд. Толибон мегӯянд, се ҳамлавар кушта шуд.
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста