Бо таваҷҷуҳ ба таҳдиди хатар аз сӯи Толибон*, ки ҳоло дар Афғонистон ҳоким ҳастанд, Тоҷикистон садди аввал ва муҳимтарин монеаи ҳамлаҳои террористӣ ба кишварҳои узви СААД дониста мешавад ва аз ин рӯ, бояд марз он дар ҷануб боз ҳам мустаҳкам шавад.
Ин нуктаро Зоир Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва генерал-майори милитсия, имрӯз, 19-уми декабр, дар Конфронси байналмилалӣ таҳти номи “Нақши Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар таъмини субот ва амният дар Осиёи Марказӣ” баён кард.
Ӯ гуфт, ҳоло Афғонистон манбаи чолишҳо ва таҳдидҳои навин шуда, ки ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарнок аст. Дар ин кишвар таъсири ифротгароиву терроризм зиёд мешавад.
Зоир Маҷидзода афзуд, ки хавфи қочоқи маводи мухаддир, афзоиши теъдоди нашъамандон дар тамоми кишварҳои минтақа зиёд мешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин хатарҳо, Зоир Маҷидзода зикр кард, ки Тоҷикистон садди аввал ва муҳимтарин монеаи ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ ба кишварҳои узви СААД аст ва аз аъзоёни ин созмон хост, ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ҳам мустаҳкам шавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки баъди ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон дар августи соли 2021 мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши хатар дар марзи худ бо ин кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, дар қаламрави кишвари ҳамсоя гурӯҳҳои зиёди террористӣ таҷаммӯъ кардаанд.
Тоҷикистон баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ва афзоиши таҳдидҳо аз сӯи ин кишвар, назорати марзро пурзӯр кардааст. Аз ҷумла дидбонгоҳҳои сарҳадиро бештар кардааст. Ҳоло дар марзи Тоҷикистону Афғонистон беш аз 100 дидбонгоҳ ҳаст.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон, роҳбарияти давлати Тоҷикистон мавқеи устувор ва оштинопазири худро алайҳи сиёсати ин гурӯҳ иброз намуда, зикр кард, ки ягона роҳи шинохти расмии онҳо ташкили ҳукумати ҳамашумул ва таъмини ҳуқуқи занон дар Афғонистон мебошад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста