Директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон Самад Зафар Тағой зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки аз ҳаҷми умумии маводи нашъаовари дар нимсолаи аввал мусодирашуда дар ҷумҳурӣ 44,6%-аш ба ҳиссаи вилояти Хатлон рост меояд.
Директори Агентӣ зикр кард, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 3 тоннаву 96 килою 61 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки 619 кило ё худ 25% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
“Қисми зиёди ин мавод дар вилояти Хатлон, бахусус дар минатқаҳои наздисарҳадӣ мусодира шудааст, ки ба он ҷо тариқи қочоқ аз Афғонистон ворид мешавад. Дар ин давра дар ин минатқа 1 тоннаву 381 кило маводи нашъаовар мусодира шуд, ки аз ҳаҷми умумии маводи мусодирашуда, 44,6%-ро ташкил медиҳад”, - гуфт ӯ.
Ғайр аз ин, дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар зарфи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 13 ҳазору 731 дона ҳаб (таблетка)-и психотропӣ мусодира шудааст, ки 4,6 баробар ( 10 ҳазору 776 ҳаб) зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст.
Ҳамчунин аз оғози сол 84 кило маводи психотропӣ дар шакли хока мусодира шудааст, ки 80 килою 977 грамми онро метамфетамин ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Агентӣ изҳор дошт, ки дар кишвар озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо)-и истеҳсоли маводи нашъаовар мавҷуд нестанд ва мавод тариқи қочоқ аз хориҷа, бахусус аз Афғонистон ворид мешавад.
Ӯ таъкид дошт, ки байни мақомоти зидди маводи мухаддири Тоҷикистон ва Афғонистон ҳеҷ гуна ҳамкорие ба роҳ монда нашудааст, аз ин рӯ ягон амалиёт ё чорабиниҳои муштарак гузаронида намешаванд.
Давоми ним сол дар Тоҷикистон барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 10 шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудаанд, ки 5 нафар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст. Аз боздошудаҳо зиёда аз 235 кило маводи мухаддир мусодира шудааст. Миёни онҳо 5 нафар шаҳрванди Афғонистон, 3 нафар - шаҳрванди Ӯзбекистон, 1 нафар - шаҳрванди Қазоқистон ва 1 нафар - шаҳрванди Қирғизистон будаанд.
Бино ба маълумоти Агентӣ, тибқи маълумоте, ки ба Агентӣ аз дигар кишварҳо мерасад, дар нимсолаи аввал 528 тоҷикистонӣ (6 моҳи соли 2023 - 610 нафар) дар қаламрави дигар кишварҳо боздошт ва аз онҳо 96 кило маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира шудааст.
Зимнан зикр шуд, ки мисли солҳои пешин теъдоди зиёди боздоштшудагон аз Тоҷикистон дар Русия - 502 нафар, дар Ӯзбекистон ва Қазоқистон - 3 нафарӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Эрон раводидро пурра лағв кардааст. Акнун навбати Тоҷикистон
Идомаи тағийроти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру навоҳӣ ва муовини якуми Рустами Эмомалӣ иваз шуданд
Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз 15 марти соли 2025 ба кор медароянд
Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ ҳаҷми маош аз ҳама баландтар аст?
То 300 нафар дар як ҳафта. Баъди ҳодисаи “Крокус” бозгашти муҳоҷирон тавассути фурудгоҳи Кӯлоб зиёд шудааст
Ширкати “Сомон Эйр” хатсайри Душанбе - Лондонро роҳандозӣ мекунад
Азим Иброҳим ҳадафи таъсиси Фонди роҳро дар Тоҷикистон шарҳ дод
Вазири нақлиёт гуфт, дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе “сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст”
Раиси нави Хадамоти алоқа сабаби суст будани интернетро гуфт ва ваъдаи арзон кардани нархи онро дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Баҳои ҳар кас ба миқдори ҳиммати ӯст”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста