Имрӯз Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори ҷавон, вале шинохтаи тоҷик, ки ҳамеша барои адолат мубориза мебурд ва мехост "худро озоду баробарҳуқуқ бо дигарон ҳис кунад", зодрӯз дорад ва кунун соли дуввум аст, ки мавлудашро дар паси панҷараҳои зиндон таҷлил мекунад. Ӯ имрӯз ба 28-солагӣ қадам ниҳод ва ба қавли пайвандонаш дар маҳбас, ба ҷуз аз озодӣ, дигар шикояте надорад.

Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ имрӯз дар сӯҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки бори охир як моҳи пеш бо ҳамсараш вохӯрдааст ва мегӯяд, ки вазъи саломатӣ ва рӯҳияи Абдуллоҳ хуб аст ва, ба ҷуз озодӣ, дигар аз чизе шикоят надорад.

"Абдуллоҳ ҳамоно худро бегуноҳ меҳисобад ва ба ҷуз озодӣ, дигар аз чизе шикоят надорад. Вазъи саломатияш ҳам хуб аст. Дар зиндон ҳам бекор намеистад ва рассомиро омӯхтааст. Расмҳои чеҳраҳои шинохтаро дар болои тахта мекашад", - гуфт ҳамсари Абдуллоҳ.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ кӣ буд, чӣ тавр ба журналистика омад, чӣ корҳоро анҷом дод ва чаро зиндонӣ шуд? Ҳоло вазъи пайвандонаш чӣ гуна аст ва ду фарзандаш чӣ ҳол доранд? Дар идомаи матлаб бихонед.

Рӯзноманигори умедбахши тоҷик

“Мехоҳам худро озоду баробарҳуқуқ бо дигарон ҳис кунам. Мехоҳам дар давлате зиндагӣ кунам, ки он ҷо барои амалӣ намудани зарфияти хеш имкон дошта бошам. Муҳимтар аз ҳама, мехоҳам Тоҷикистони ман чунин макон гардад”.

Ин суханони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони ҷавону соҳибистеъдоди тоҷик аст, ки се сол пеш, дар арафаи таҷлили 25-солагии хеш бо эҳсосоту ҳаяҷон гуфта буд. Аммо як сол баъд, 15-уми июни соли 2022 ӯ боздошт ва пас аз чанде барои 7,5 сол равонаи зиндон шуд. Ҳамакнун, ду сол аст, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар зиндон аст.

Авазмад Ғурбатов, ки бо тахаллуси эҷодии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар майдони журналистика фаъолият дошт, яке аз ҷавонтарин рӯзноманигорони умедбахши тоҷик муаррифӣ мешавад. Ӯ то замони боздошт дар расонаҳои гуногун, аз ҷумла ҳафтаномаҳои “Пайк” ва Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон – ҳафтаномаи “Фараж” ва Агентии иттилоотии “Азия-Плюс” фаъолият дошт ва бештар мавзӯҳои иҷтимоии ҳассосро баррасӣ менамуд.

Ӯ дар муқобили ноадолатӣ ҳеҷ гоҳ ором наменишаст. Дарди ҷомеаро хуб эҳсос мекард ва барои давои он тамоми талоши худро анҷом медод. Аз маконҳои барои ҷони кас хатарнок гузориш таҳия мекард, доди мардумро мешунид ва ба эътирози онҳо гӯш медоду аз мансабдорон посухи суолҳои мардумро мепурсид. Ҳеҷ як ҳодисаи муҳим ва ҳеҷ як масоили доғ аз назари ӯ дур намемонд, агар он ба тақдиру сарнавишти мардум дахл медошт.

Воқеиятро мегуфт, агар он талх ҳам бошад. Мисли тамоми тӯли таърих, ҳақиқат на ба ҳар кас хуш меомад. Ҳамин буд, ки Абдуллоҳ Ғурбатиро ду маротиба латукӯб карданд. Дар як ҳолат шахси латукӯбкарда пайдо нашуд ва дар ҳолати дуввум чанд нафар барои майдаавбошӣ ҷарима шуданд.


Бо иродаи қавӣ мехост журналисти ҳирфаӣ бошад

Аммо ин ҳам рӯҳияи Абдуллоҳро нашикаст ва ӯ бештар вориди майдони журналистика шуд. Мехост ҳама майлонҳои нави журналистиро аз худ кунад.

Вақтҳои охир Абдуллоҳ бештар ба суратгирӣ ва таҳияи навору филмҳои кӯтоҳ машғул буд. Ҳатто як филми мустанаде ҳам таҳия кард, ки дар озмуну фестивалҳои дохиливу хориҷӣ соҳиби ҷоизаҳо гардид.

Аксҳои бардоштаи ӯ ҳам дар саҳифаҳои расонаҳои дохиливу хориҷӣ нашр шудаву баҳои баланд ҳам гирифтанд.

Адолат ҷусту боздошт шуд

Охирин самте, ки Абдуллоҳ ба он таваҷҷуҳ намуд, ҳамкорӣ бо Далери Имомалӣ, блогери тоҷик, буд. Абдуллоҳ бо Далер ҳарду барои “Ютуб-канал”-и Далери Имомалӣ аз мушкилоти аҳолӣ ва мавзӯҳои иҷтимоии ҳассос, аз ҷумла раванди қабули шаҳрвандон аз ҷониби мансабдорон ва монеаҳои дар ин самт ҷойдоштаву муносибати кормандону мансабдорони давлатӣ, навоор таҳия мекарданд.

Бори охир навори омодакардаи Абдуллоҳ ва Далер дар робита ба тахриби бинои сокинони маҳаллаи Панҷшери ноҳияи Шоҳмансур тамошобини зиёд пайдо кард. Баъдан, барои рӯшанӣ андохтан ба масъалаи тахриби биноҳо Абдуллоҳ бо Далер дар рӯзи қабули раиси ноҳияи Шоҳмансур, ба бинои ҳукумати ин ноҳия омаданд ва аз рӯзи қабули он гузориш омода карданд, ки дар он гуфта мешуд, раиси ноҳия онҳоро қабул накард.

Пас аз нашри ин видео, аввал Далер барои муддате боздошту ба қавли худаш, аз ҷониби корманди прокуратураи ин ноҳия шаппотӣ хӯрд ва дертар раҳо гардид.

Бо гузашти чанд рӯз, ӯ дар роҳ ба шаҳри Конибодом аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол дода шуд. Чанде пас Абдуллоҳ барои шоҳидӣ аз ҷониби шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур даъват гардид ва пас аз додани шоҳидӣ, вақти тарки бинои шуъба, дубора бо иттиҳомӣ “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” боздошт гардид.

Бояд гуфт, ки Далери Имомалӣ баъдтар ба 10 соли зиндон маҳкум гардид.


Ӯ гуноҳро эътироф накард

Абдуллоҳ Ғурбатӣ пас аз боздошт расман барои “иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ” гумонбар ва барои 2 моҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Худи Абдуллоҳ ва пайвандонаш ҳеҷ гоҳ гуноҳро эътироф накардаанд.

Мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ ва ба таври пӯшида баргузор шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдуллоҳ Ғурбатиро ба 7,5 соли зиндон маҳкум намуд.

Боз ҳам Абдуллоҳ Ғурбатӣ зимни сухани охирини худ таъкид намуд, ки гунаҳкор нест ва ҳеҷ яке аз гуноҳи эълоншударо эътироф намекунад.

Мушкиле надорам, ба ҷуз набудани Абдуллоҳ

Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ мегӯяд, ки баъди боздошт ва ҳабси ҳамсараш аз чизе танқисӣ надорад ва танҳо набудани шавҳараш ӯро азият медиҳад.

Ӯ ҳоло аз минтақаи Кӯлоб барои расонаҳо гузориш менависад ва роҳи шавҳарашро идома медиҳад.

Вай соли пеш ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ҳарчанд Абдуллоҳ қаблан оид ба эҳтимоли боздошташ суҳбат намекард, вале ӯ ҳамеша хавотир буд ва ҳамеша таъкид мекард, ки боэҳтиёт бошад.

Номбурда лаҳзаҳои аввали боздошти Абдуллоҳро ба ёд оварда нақл мекунад, ки рӯзи 15-уми июн вақте Далери Имомалиро ба Додистонии ноҳияи Шоҳмансур оварданд, Абдуллоҳ ҳамроҳи чанд рӯзноманигор пушти дари додситонӣ рафтанд, вале дере нагузашта телефонаш якбора дастнорас шуд ва танҳо нимашабӣ вақте кормандони додистонӣ ҳамроҳи вакили дифоъ барои бурдани компютери кории Абдуллоҳ ба хонааш омаданд, дарк кард, ки шавҳараш низ боздошт шудааст.

Мубораки Қосим

Ва рӯзи дигар фаҳмид, ки бар зидди Абдуллоҳ парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро барои ду моҳ ба ҳабс гирифтаанд.

“Бисёр рӯзҳои сахт буданд, ҳатто ба ёд оварданаш бароям мушкил аст. Ман бемории афсурдагӣ гирифтам. Ба ғайр аз Абдуллоҳ дар фикри чизе набудам. Ҳоламро ба касе намегуфтам, то ғамгинашон накунам. Рӯзҳо хеле дер мегузаштанд. Барояш фақат хӯроку либос бурда метонистему халос. Ин кор ҳам каме бароям оромиш мебахшид. Хуб, ки писарам дар ҳамин лаҳзаҳо канорам буду аз як хандааш қувват мегирифтам”, - ёдоварӣ мекунад лаҳзаҳои аввалини боздошти шавҳарашро Мубораки Қосим.

Бояд ин хел намешуд, аммо...

Вақте Абдуллоҳ 6 моҳ дар Боздоштгоҳи муваққатӣ буд, ҳамагӣ чанд маротиба 20 дақиқаӣ тавонист ӯро бинад ва дар ин суҳбатҳо ҳамеша ба якдигар таъкид мекарданд, ки рӯҳафтода нашаванд.

Хабари ҳукми Абдуллоҳ барои Муборак ғайричашмдошт буд ва ӯ аз забони яке аз дӯстонаш огоҳ шуд, ки ӯро зиндонӣ кардаанд.

“Дар ин вақт ман барои гирифтани иҷозатномаи вохӯрӣ, назди додрас рафтам, ӯ дар ҷойи кораш набуд. Ман дар даромадгоҳ  мунтазир нишастам. Дар ҳамин вақт яке аз дӯстон ин хабарро расонид ва ман дар ҳолати шок афтодам, бовар накардам. Худамро дошта наметавонистам, зор гиристам, сарам чарх мезад, фикр мекардам, дигар наметавонам роҳ равам. Он рӯз бисёр рӯзи вазнин буд, фақат мегуфтам, бояд ин хел намешуд, аммо шуд”, - афзуд ин ҳамсари рӯзноманигор.


“Боздошту ҳабс набзи зиндагиамро ба ҳам зад”

Мубораки Қосим мегӯяд, боздошту ҳабси Абдуллоҳ набзи зиндагиашро ба ҳадде ба ҳам зад, ки ҳатто писараш аз шири модар маҳрум шуд ва ӯ ҳамеша метарсид, ки Худое накарда рӯзе барои писараш шир харида натавонад.

Мубораки Қосим мегӯяд, қазияе, ки ба сари шавҳараш омад, ба ӯ қавӣ будан, сабр кардан ва аз худу шавҳару оилааш дифоъ карданро омӯзонид.

“Дар ин вақт ҳам ман ба худ наомада будам, то замоне, ки Абдуллоҳро ба маҳбас гузаронданду ба мо занг зад. Садояшро шунидаму фикр кардам, ба орзуям расидам, аз нав зинда шудам, ҷон гирифтам. Ва боз шинохти дӯстон. Ман дӯстоне, доштам, ки бароям муҳим буданд, дар фикрашон будам, вале дар он рӯзҳои мушкил ман онҳора гум кардам”, - зикр намуд вай.

Мубораки Қосим ҳоло модари ду фарзанд - Масъуд ва Муҳаббат аст ва кунун ба тарбияти онҳо камар бастааст.

Ҳамсари Абдулло инчунин забони англисӣ меомӯзад ва ба духтани куртаҳои миллӣ машғул аст. Чанд вақт боз дар Радиои Хатлон фаъолияти журналистӣ дорад.

Ӯ дар ду-се моҳ як маротиба бо Абдуллоҳ вомехӯрад ва маҳз ин вохӯриҳо ба ӯ қувват медиҳанд, ки аз зиндагӣ ноумед нашавад.

Муборак Қосим бовар дорад, ки шавҳараш бегуноҳ аст ва дар наздиктарин фурсат адолат тантана мекунаду  Абдуллоҳи Ғурбатӣ ба озодӣ мебарояд.


Ҳукми ноодилона ва сангин

Баъди содир шудани ҳукм, даҳҳо созмонҳои муътабари журналистии дохиливу хориҷӣ, ташкилотҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ва чеҳраҳои шинохта ҳукми додгоҳро “ноодилона ва сангин” унвон карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки он бозбинӣ шавад ва рӯзноманигор аз зиндон раҳо гардад.

Аз ҷумла, Гузоришгари СММ, САҲА, Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Медиа-Алянс, АМВАОМТ, Кумитаи ҳимоят аз журналистон ҳукми зиндони рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатиро шадидан маҳкум карданд.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳам ҳукми додгоҳро нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ ғайриодилона ва сангин меҳисобад. Агар мурофиа ба таври боз мегузашт ва мардум далелҳои айбдоркуниро мешуниданд, шояд он вақт мо ақидаи дигар медоштем. Аммо дар шароити кунунӣ, дар бораи бетарафии тафтишот саволҳои мантиқӣ ба миён меоянд.

Ҳукме, ки нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ эълон гардид, барои давлати мо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми бад дорад.

Новобаста ба ин ҳама, гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Абдуллоҳро бо зодрӯзаш сидқан табрик мекунад!

Мо бовар дорем, ки ҳама орзуҳои Абдуллоҳ Ғурбатӣ амалӣ мешаванд!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.