Душанбе. 20-уми май. Азия-Плюс — Имрӯз дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҷаласаи саҳмдорони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғӯн» баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс сухангӯи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар ҷаласа масъалаи тасмими баргузории маҷлиси умумии саҳмдорон ва ба ин васила муайян кардани шумораи саҳмдорон ва маблағҳои воридшуда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. «Барои муайян намудани ҳайати Комиссияи тафтишотӣ, Комиссияи баҳисобгирӣ ва Шӯрои нозирон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, ҳуқуқшиноси корхона Манучеҳр Сафаров оид ба тартиби пур кардани варақаҳои овоздиҳӣ маълумоти муфассал дод.
Ёдрас мекунем, ки маблағи умумии ба суратҳисоби нерӯгоҳи «Роғун» гузаронида аз ҷониби Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зиёда аз 18 млн сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 5,2 млн сомонӣ маблағи кормандон буда, 13 млн сомонӣ маблағи фурудгоҳ аст.
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
“Метро созанд, баъд зан мегирам...”. Вокуниши сокинон ба хабари сохтмони метро дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста