Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Бино ба маълумоти пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ба санаи 21-уми сентябри соли 2010 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 565 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ Зебо Исмоилова иттилоъ дод, айни замон дар вилояти Хатлон ба таври доимӣ 2 млн. 676 ҳазор, вилояти Суғд – 2 млн. 237 ҳазор, ноҳияҳои тобеи марказ – 1 млн. 722 ҳазор, ВМКБ – 206 ҳазор ва шаҳри Душанбе – 562 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад.
Зебо Исмоилова зикр намуд, ки нисбат ба маълумоти барӯйхатгирии аҳолии соли 2000-ум шумори аҳолии ҷумҳурӣ ба миқдори 1 млн. 438 ҳазор нафар ё худ 23% афзудааст. «Дар ин давра шумори аҳолии доимии пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ ба андозаи 29% (мутаносибан ба миқдори 162 ва 385 ҳазор нафар), вилояти Хатлон - 24% (526 ҳазор нафар) ва вилояти Суғд – 19% (365 ҳазор нафар) афзуда, шумори аҳолии ВМКБ ба миқдори 0,07% коҳиш ёфтааст.
Сарфи назар аз хурӯҷи аҳолии шаҳр ба хориҷи ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо соли 2000-ум, соли 2010 аҳолии шаҳр ба миқдори 379 ҳазор нафар ё худ 23,3% ва аҳолии деҳот ба миқдори 1059 ҳазор ё худ 23,5% бештар гардидааст.
Раванди шаҳрнишинӣ, ки то соли 200-ум дар кишвар босуръат ҷараён дошт, айни замон мӯътадил гардида, тибқи натоиҷи пешакии барӯйхатгирии соли 2010, таносуби аҳолии шаҳру деҳот мутаносибан 27 ва 73%-ро ташкил додаст.
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки бино ба маълумоти баруйхатгирии мазкур, дар ҷумҳурӣ шумори мардон ба моҳи сентябри соли гузашта 3 млн. 813 ҳазор ва занон – 3 млн. 752 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. «Натоиҷи ниҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ баргузор шуда буд, соли 2013 расман маърази умум қарор хоҳад гирифт», - афзуд Зебо Исмоилова.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста