Хуҷанд. 26-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар нимаи дуюми моҳи августи соли равон донишҷӯён, аспирантҳо ва кормандони илмии вилояти Суғд бори нахуст тибқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо баҳри таҳсил ба макотиби олии Аврупо фиристода мешаванд.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ҳамоҳангсози лоиҳаи «ТАСКА» дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ Ҳотам Муртазоев хабар дод, лоиҳаи «Тавсеъаи донишу малака ва таҷриба дар макотиби олии Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ ёфта, дар он шаш кишвари аврупоӣ ва панҷ давлати минтақаи Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд. «Донишҷӯён дар макотиби олии кишварҳои Аврупо ба муддати 10 моҳ ва аспирантону пажӯҳишгарон 22 моҳ бо забони англисӣ таҳсил намуда, мутаносибан бо 1000 ва 1500 Евро идрорпулӣ таъмин ва хароҷоти сафар аз ҷониби ИА пардохта мешавад», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, намояндагони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои маъруфи Полша, Шветсия, Юнон, Португалия ва Австрия дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва омӯзгориву ҷомеашиносӣ таҳсили илм хоҳанд кард. «Ба рӯйхати номзадҳо асосан намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва як донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат номнавис шудаанд», - афзуд номбурда.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста