Душанбе. 31-уми май. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку таҷлил мегардад.
Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳамасола дар сайёра бар асари истеъмоли тамоку 6 млн. нафар чони худро аз даст медиҳанд. Гуфта мешавад, қисмати зиёди истеъмолгарони тамоку дар кишварҳои даромадашон миёна ва паст ба сар мебаранд.
Дар Тоҷикистон истеъмоли маснӯъоти тамоку дар сатҳи қонунгузорӣ маҳдуд гардида, пас аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни дахлдор дар аввали соли 2011, фурӯш ва истеъмоли тамоку дар қаламрави мактаб, беморхона, бинои корхонаву ташкилот сарфи назар аз моликият, фурудгоҳ, истгоҳи нақлиёт, осоишгоҳу дармонгоҳ, иншооти фарҳангиву варзишӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда шуд.
Мутобиқи қонуни мазкур ҳамчунин фурӯши маснӯъоти тамоку дар масофаи то 100 метр аз кӯдакистону мактаб ва беморхонаву дигар муассисаҳои тиббӣ низ манъ гардида, барои тамокукашон ҷойҳои махсус пешбинӣ шудааст.
Ҳаҷми маблағи ҷарима барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур аз 5 то 15 нишондиҳанда (як нишондиҳанда ба 35 сомонӣ баробар аст) барои шахсони воқеъӣ ва аз 3 то 300 нишондиҳанда барои шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳад.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста