Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Шурӯъ аз имрӯз дар Тоҷикистон фаъолияти
шарики шабакаи телевизионии минтақавии К+ дар Тоҷикистон – «Стан Медиа» қатъ гардид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Дафтари душанбегии «Стан Медиа» Акрам Абдуқаҳҳоров хабар дод, дар қаламрави Тоҷикистон филиалҳои «Стан Медиа» дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд фаъолият доштанд.
Ба гуфтаи А.Абдуқаҳҳоров, огоҳии қатъи фаъолияти портали видеоӣ ба кормандони «Стан Медиа» дар Тоҷикистон рӯзи 31-уми май аз дафтари асосии «Стан Медиа» дар Бишкек расидааст. «Қатъи муваққатии фаъолияти портали видеоӣ ба мушкилоти молиявӣ марбут аст ва то замони дарёфти манбаъҳои маблағгузорӣ, портал баста хоҳад буд», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, бо ҳамин сабаб дар дафтари асосии портали видеоии «Стан Медиа» низ реҷаи маҳдуди пахш роҳандозӣ шудааст.
Вақти пахши барномаҳои шабакаи телевизионии минтақавии К+ дар Тоҷикистон «Стан Медиа» 12 соат дар як шабонарӯз ва аудиторияи имконпазири он 350 млн. нафарро ташкил медод. Шабакаи телевизионии мазкурро асосан сокинони Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, аҳолии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Русия ва аҳолии русзабони кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Шарқӣ тамошо мекарданд. Тавассути пахши моҳвораӣ шабакаи телевизионии мазкур дар саросари ҷаҳон дастрас аст.
Шарики шабакаи телевизионии минтақавии К+ дар Тоҷикистон – «Стан Медиа», ки дафтари асосии кориаш дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) воқеъ аст, дар фазои иттилоотии Тоҷикистон аз соли 2009 ба фаъолият пардохт. Дар намояндагии «Стан Медиа» сдар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд 16 нафар кормандон машғули кор буданд. Шабака ба тамошобинон маводу гузоришҳои иттилоотиву таҳлилӣ ва фарҳангиву таърихӣ пешниҳод мекард.
Коршиносон бар ин назаранд, ки портали видеоии мазкур мушкилоти марбут ба бахшҳои гидроэнергетикаву экология ва масоили дар муҳосираи сунъии роҳи оҳан қарор додани Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистонро ба таври муассиру фаъолона инъикос мекард.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста