Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ зимни шарҳи моҳияти ворид сохтани тағийроту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Маҳмадамин Маҳмадаминов изҳор дошт, ки тайи панҷ-шаш соли ахир дар Тоҷикистон ҳамасола 30-35 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонуни амалкунанда, минбаъд маъюбоне, ки кӯмакпулии давлатӣ мегиранд, бекор эътироф карда мешаванд, зеро мувофиқи қонунгузорӣ, онҳо низ ба кор кардан ҳуқуқ доранд. «Ҳукумати ҷумҳурӣ сохторҳои давлатиро ӯҳдадор кард, ки барои қабули маъюбон ба кор квотаҳо ҷудо созанд», - гуфт ӯ.
Ба қавли вазир, айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳазор нафар бекорон кӯмакпулӣ мегиранд. «Мутобиқи тағийрот, ба қонун, агар шаҳрванди бекор аз ду ҷойи кории ба ӯ пешниҳодшуда даст кашад, ба ӯ кӯмакпулӣ оид ба бекорӣ пардохта намешавад», - таъкид кард Маҳмадаминов.
Дар ҷаласа вакилони парлумон ҳамчунин Созишнома миёни Тоҷикистону Ҷумҳурии Австрия дар бораи ҳавасмандсозӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоя, Созишнома миёни кишварҳои узви ИДМ дар бораи тартиби таъмини молиявӣ, техникӣ ва ақибгоҳи Нерӯҳои дастаҷамъона оид ба таъмини сулҳ дар ИДМ-ро низ тасдиқ карданд.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста