Душанбе. 8-уми июн. «Азия-Плюс» — | Муҳаббат Ҷӯраева ва Садриддин Саидов, ҳимоягарони рӯзноманигори ҳафтавори мустақили «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов, тақозо доранд, ки ҳамаи ҷабрдидагон тибқи парвандаи бозшуда нисбати зерҳимояи онҳо бозпурсӣ карда шаванд.
Бино ба маълумоти Хадамоти мониторингии Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷиктион (НАНСМИТ), дар ҷараёни мурофиаи судӣ 22 нафар ҷабрдидагон ва шоҳидон бозпурсӣ шудаанд.
Бино ба иттилои раисикунандаи мурофиаи додгоҳӣ додрас Саодат Атоева, чанде аз ҷабрдидагон гуфтаанд, ки дар мурофиа иштирок карда наметавонанд ё онҳоро тавассути телефон хабар надодаанд. Дар посух ҳимоягар талаб кард, ки ҳамаи ҷабрдидагон бояд дар мурофиаи додгоҳӣ ҳузур дошта бошанд.
Дар навбати худ, айбдоркунандаи давлатӣ изҳор дошт, ки баргузории мурофиаи додгоҳӣ бидуни ҳузури ҷабрдидагон ҳам имконпазир аст. Ба ҳар ҳол, додрас Атоева ба ҷонибҳо гуфт, ки онҳо пешниҳодоти худро ба додгоҳ ироа намоянд ва додгоҳ онҳоро моҳиятан баррасӣ хоҳад кард. Ҷаласаи навбатии додгоҳӣ оид ба парвандаи рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов имрӯз идома хоҳад ёфт.
Ёдрас мекунем, ки дар додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд рӯзи 31-уми май таҳти раисии додрас Саодат Атоева ҷаласаи нахустини мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори нашрияи мустақили «Нури зиндагӣ» (Душанбе), сокини ноҳияи Ашт Маҳмадюсуф Исмоилов оғоз гардид.
Даъвогарон 12 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт мебошанд. Маҳмадюсуф Исмоилов шаш моҳ қабл ба ҳабс гирифта шуда, дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешуд. Ӯ тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ дар тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешавад.
Сардабири нашрияи «Нури зинадагӣ» Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, сабаби ба ҳабс гирифтани рӯзноманигор фаъолияти касбиаш аст. Ба гуфтаи ӯ, матолиби дар ҳафтаномаҳои «Нури зиндагӣ» ва «Истиқлол» чопшудаи Исмоилов вокунишҳои доманадореро ба бор овардаанд.
Қобили зикр аст, ки Маҳмадюсуф Исмоилов 50-сола буда, соҳиби се фарзанд аст. Номбурда бо дигар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ низ ҳамкорӣ дошт.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста