Кӯлоб. 29-уми июн. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлолияти ҷумҳурӣ як маҷмааи нави дорои толори мебел, коргоҳҳои истеҳсол ва таъмири мебел ва ҳамчунин чор маркази савдову нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ ба истифода дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Пирмад Зарифов хабар дод, дар шаҳр ба муносибати ҷашн дар маҷмӯъ 40 иншооти нави таъиноти гуногун мавриди истифода қарор мегиранд. «Корҳои сохтмони низоми таъмини об дар деҳаҳои наздишаҳрии Ҷомӣ, Вализода ва Сино-4, ки сокинонаш тайи 10 соли ахир оби нӯшокиро аз дигар ҷой мекашониданд, дар арафаи анҷомёбист», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, сохтмони корпуси 2-юми Коллеҷи омӯзгорӣ бо арзиши 3 млн. сомонӣ, мактаби таҳсилоти умумӣ барои 624 ҷой бо арзиши 1 млн. сомонӣ ва корпуси 2-юми мактаби таҳсилоти умумии №30 бо арзиши 700 ҳазор сомонӣ низ ба наздикӣ ба итмом мерасад. «Барои сохтмони иншоот маблағҳои бюҷети ҷумҳуриявӣ ва сармояи хусусӣ истифода мешаванд», - афзуд номбурда.
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста